«САЁҲАТ БА ХОТИРИ СУЛҲ». Асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов дар Бишкек ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 то 17 июни соли равон дар намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Саёҳат ба хотири Сулҳ» асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов ба намоиш гузошта шуданд. Рассом дар ин намоишгоҳ ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди кӯҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии сатҳибаланди байналмилалӣ гардонид.
Тавре аз марказ матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рассоми хушсалиқаи тоҷик Пайрав Гулов чандин маротиба дар намоишгоҳи рассомии кишварҳои СҲШ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок кардааст. Ба маҳсули ин ҳунарманди мониқалам аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи мазкур 45 рассом аз 22 давлати ҷаҳон иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.










ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






