Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд

Июль 25, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор  гардид. Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ба истифода додани хатти оби ошомиданӣ роҳбари вилоят сухан карда, ҳадафи асосии лоиҳаро дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод кард.

Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда шуд. Паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ «Помир-энергосервер» ва КВД «Бадахшон-роҳсоз» ба ҳисоб рафта, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр  оварда шуд.

Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус зикр намуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз як ҳазор хоҷагии  шаҳри Хоруғ, ки  5, 5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов иброз намуд, ки «агар 10 сол пеш дастрасии сокинони вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондод 80 дарсадро ташкил медиҳад. Тайи солҳои охир дар ин самт 4 миллион доллар харҷ гардидааст».

Барои бунёди  хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст, ки дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр  бо оби ширин таъмин хоҳанд гардид.

Июль 25, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд