Дар Будапешт миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 июли соли 2019 дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF), воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба имзо расониданд.
Дар асоси санади мазкур, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, Федератсияи байналмилалии дзюдо ба 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Ванҷ ва Рӯшон гилеми варзишӣ (татамӣ) ва либосҳои варзишии кӯдакона тақдим хоҳад намуд.
Ҳамчунин ба 10 мураббӣ, ки ба наврасону ҷавонон ин намуди варзишро меомӯзонанд, муддати як сол маош дода хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур озмоишӣ буда, дар сурати муваффақияти он дар рушди дзюдо миёни наврасони мамлакат эҳтимол солҳои оянда густариш ёбад.
Бояд хотиррасон намуд, ки маросими мазкур дар ҳошияи баргузории Мусобиқаи байналмилии дзюдо — Гран Прии Будапешт-2019 сурат гирифт.
Дар мусобиқа, ки 12-14 июли равон баргузор шуд, 4 паҳлавони шинохтаи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро Комроншоҳи Устопириён нишон дод. Ӯ дар вазни -90кг баъд аз се пирӯзӣ ва ду бохт ҷои ҳафтумро ишғол намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






