СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни азназаргузаронии воситаи нақлиёти боркаш дар вилояти Суғд ба миқдори 1070 кг (45 қуттии картонӣ) маҳсулоти гӯштӣ (гӯшти хук), ки сертификати байторӣ ва иҷозатномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ надошт, ошкор ва мусодира карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки воситаи нақлиёти боркаш, бо рақами қайди давлатии 990AE019/23ADL19 молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Терминали шаҳри Хуҷанд ба суроғаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анвар Тиҷорат» интиқол медод.
Бо мақсади муайян намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти воридгардида аз он намуна гирифта шуда, барои ташхис ба Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи ташхис маълум карда шуд, ки зимни интиқол ва риоя нагардидани талаботи беҳдоштию байторӣ дар таркиби маҳсулот тағйироти микробиологӣ, кимиёвию заҳрдорӣ ва элементҳои заҳрнок (бактерияҳои гурӯҳи чӯбчашакли рӯдаҳо, микроорганизмҳои гурӯҳи коккҳо, аз ҷумла диплококк ва стрептококк) ба амал омада, истифодаи он барои саломатии инсон хатарнок ҳисобида мешавад.
Истифодаи ин маҳсулот тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» барои истеъмол иҷозат дода намешавад.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад






