ФУТБОЛ: дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 июл то 1 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.
Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад. Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.
Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)
1-ум давр
26 июл (ҷумъа)
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Эрон
Афғонистон – Туркманистон
2-юм давр
27 июл (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Афғонистон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Эрон
3-юм давр
29 июл (душанбе)
Туркманистон – Ӯзбекистон
Эрон – Афғонистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
4-ум давр
30 июл (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Афғонистон – Ӯзбекистон
5-ум давр
1 август (панҷшанбе)
Туркманистон – Эрон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






