Мутахассисони Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ донишашонро вобаста ба модули хавфи қарзӣ такмил доданд

Июль 27, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 27.07.2019/АМИТ «Ховар»/. 25 нафар мутахассисони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон  ва ташкилотҳои қарзии мамлакат дар ҷараёни семинари байналмилалӣ оид ба модули  хавфи қарзӣ,  ки тӯли се рӯз- 23-25 июл дар Душанбе идома ёфт, малакаю савияи дониши худро сайқал доданд.

Аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки семинари байналмилалӣ оид ба Модули хавфи қарзӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкории техникии Дойч Бундесбонк бо бонкҳои марказии Германия созмон дода шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр кард, ки низоми идоракунии хавфҳо, хусусан нақши модули хавфи қарзӣ дар рушди устувори ташкилотҳои қарзӣ омили муҳим арзёбӣ мегардад, зеро сандуқи қарзӣ қисми асосии дороиҳои онҳо маҳсуб мешавад.

— Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва танзими меъёрҳои бонкӣ тақозо менамоянд, ки кормандони ташкилотҳои қарзӣ тавассути машғулиятҳои таълимӣ оид ба пешгирии хавфҳо ва татбиқи усулҳои идоракунии онҳо пайваста ба омӯзиш фаро гирифта шаванд,- гуфт Лола Салимова.

Мавсуф афзуд, ки семинари мазкур барои иштирокдорони он зимни таҳияи низоми баҳодиҳии қарзӣ ва модули хавфҳои қарзӣ дар ташкилотҳои қарзии кишвар кумак хоҳад кард. Дар доираи семинар доктор Томас Госвин ва Давид Ҳейлманн — мутахассисони варзидаи бахши низоми бонкӣ, ки дар таҳияи Низоми худии баҳодиҳии қарзии Дойч Бундесбонк ширкат доштанд, ба иштирокчиёни семинар оид ба таҷрибаи худ дар бунёди Модули хавфи қарзӣ, усулҳои баҳодиҳии хавфи қарзӣ тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Германия маълумот доданд.

Инчунин дар семинар раванд ва услуби баҳодиҳии қобилияти пардохтпазирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути моделҳои оморӣ-математикӣ баррасӣ гардид.

 

Июль 27, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид