Се голи беҷавоби мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Эрон

Июль 31, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи  футболи  мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд.

Голҳои дастаи  мунтахаби  Тоҷикистонро  дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. Бозии ояндаи худро дастаи  мунтахаби нарасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон 1  августи соли равон доир мекунад. Барои мо танҳо як имтиёз зарур аст, то ки дар  ин  мусобиқа қаҳрамон шавем.

Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди  дастаи  мунтахаби наврасони Ӯзбекистон хотима ёфт. Дар  як вохӯри дигар дастаи  мунтахаби наврасони   Туркманистон бар  дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад  Дар айни замон дастаи  мунтахаби  наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Даври  4-ум

Эрон – Тоҷикситон – 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллаев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

 Туркманистон  – Қирғизистон  – 1:0

Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.

29  июли  соли равон   сабқатҳои даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардиданд. Дар даври сеюм  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби  наврасони  Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрд.

Даври 3-юм

 Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

 Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

 Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

Хотиррасон менамоем, ки  26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Бозиҳои  дигари  ҳамин гурӯҳ низ бо  чунин натиҷа хотима ёфтанд.  Дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

  Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар тими мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳои  мунтахаб  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи  баланду  хотирмон  доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  мунтахаби наврасони  Эрон бар  дастаи мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA U-16    тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

 

Июль 31, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад