«Сомон Эйр» ба узвияти MITA Cargo пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, шомил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки узвият дар MITA Cargo ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имконият медиҳад, ки дар фаъолияти минбаъда доираи равобити бисёрҷонибаро бо ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ дар бахши ҳамлу нақли борҳо афзоиш диҳад. Шомил шудан ба MITA Cargo барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дастоварди бузург маҳсуб ёфта, ба рушди интиқоли борҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Инчунин узвияти ширкати «Сомон Эйр» ба созмони MITA Cargo ба ширкати ҳавопаймои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар бозори байналмилалии интиқоли борҳо бо дигар ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи хориҷӣ шарики баробарҳуқуқ бошад. Дар баробари ин, узвият дар MITA Cargo барои ирсолкунандагони борҳо тартиботи ба расмият даровардани борро аз нуқтаи ибтидоӣ то нуқтаи ниҳоӣ хеле содда мекунад. Бинобар набудани зарурати барасмиятдарории бор дар манотиқи транзитӣ хароҷоти вобаста ба интиқоли бор арзон мегардад. Ҳамин тавр, баъди шомил шудан ба MITA Cargo борҳо аз рӯйи самт аз фурудгоҳи ибтидоии парвоз то фурудгоҳи таъинотӣ тавассути як борхат интиқол меёбанд», — зикр намуд Томас В. Ҳаллам, Директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр».
Ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз соли 2017 аъзои IATA буда, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба давлатҳои Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои муосири Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.








Ширкати «LONGi» -и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид






