Тибқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Коллеҷи техникии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, рейтинги мазкур аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, тибқи хулосаи комиссия ҷойи дуюм ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаи рейтинги мазкур дар ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон эълон гардид. Зикр гардид, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати устодону омӯзгорон ва тамоми кормандон дар муассисаҳои мазкур буд, ки ба чунин дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар кори Шӯро муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласаи мазкур масъалаҳои нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, рушди низоми инноватсияи миллӣ ва азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар идомаи Шӯро доир ба таҳияи барномаҳои ягонаи фаннии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бе назардошти такроршавӣ, масъалаи таълифи китобҳои дарсии ихтисосҳои амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва масъалаи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.








Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад






