Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз як корхонаи нав таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2019 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» /МОИ «Суғд»/ ифтитоҳи корхонаи тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, масоҳати корхона 1468 м2 буда, дар он истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол пешбинӣ шудааст. Корхона баъди пурра ба кор даровардани иқтидори умумӣ соли 2021 ҳаҷми истеҳсолиро то ба 1200 тонна дар як сол расонданист.
Нархи рақобатпазири маҳсулоти сифатноки корхона имконияти на танҳо таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин содироти онро ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад.
Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолии замонавӣ ва навтарин насб карда шуда, дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 6 майи соли равон Комиссияи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалисозии лоиҳаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» қабул намуд. Маблағи сармоягузории лоиҳа 5,5 млн сомонӣ (қариб 580 ҳазор доллари ИМА) мебошад.
Лоиҳа аз ҷониби довталаб барои гирифтани мақоми субъекти МОИ, корхонаи тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» пешниҳод гардид. Дар корхона истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда 30% ҳаҷми умумии лоиҳавиро дар бар мегирад.








Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид






