Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз он, ки байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби Қирғизистон, алалхусус баъзе сокинони хашмгини он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, қасдан ин созишҳоро вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби Қирғизистон низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар замон бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.
24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд. Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ аст. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доимо талаботи протоколҳои дар боло зикршударо сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.
Далелҳо бешубҳа нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғзистон ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси ҳамсоягон мебошад, ҳал кардан намехоҳад ва баръакс мекӯшанд ба Тоҷикистон фишори нерӯӣ оваранд. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.
Айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






