Чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Дубовскии вилояти Волгогради Россия аз дуди оташ заҳролуд шуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Шаби 23 сентябр дар ноҳияи Дубовскии вилояти Волгогради Федератияи Россия чор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуди оташ заҳролуд шуданд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш сокини 37-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Ҳаидов Мирзоҷон Аюбҷонович ба ҳалокат расид. Се нафари дигари онҳо – Маъруф Ҳаидови 33-сола, Беҳрӯз Ғафорови 24-сола ва Аҳрор Бурҳонови 30-сола, ки ҳар се зодагони шаҳри Конибодом мебошанд, дар беморхонаи вилоятии Волгоград бистарӣ гардида, ба онҳо кумаки тиббӣ расонида мешавад.
Тавре сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмад ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Намояндагии мазкур ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР бо сохторҳои марбутаи вилояти Волгоград дар тамос шуда, сабаб ва ҳолати ба ин ҳодиса дучор омадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд.
Иброҳим Аҳмад аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди бурдани корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия, «баъзе аз шаҳрвандони мо талаботи асосиро, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, риоя накарда, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Масалан, 14 сентябр як кӯдаки сесолаи тоҷик аз қабати 11-ум ба поён афтид ва хушбахтона, ӯ зинда монд. Танҳо моҳи сентябр чандин чунин ҳолатҳо дар ФР рух доданд, ки кӯдакони хурдсоли тоҷик аз беаҳамиятии волидайн аз ошёнаҳои баланд ба замин афтиданд, ки ин боиси ташвиш аст. Бояд гуфт, ки фаъолияти кории ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, пеш аз ҳама, ба омодагии пешакии ӯ ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош вобастагӣ дорад» .
«Қабл аз сафар ҳар як муҳоҷир бояд ҷои мушаххаси зист ва кориро муайян намояд. Бо худ шиносномаи хориҷӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷати хизмати ҳарбӣ, диплом, шаҳодатнома оид ба касбу ихтисос, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро, ки шахсият ва касбу кори ӯро тасдиқ мекунанд, дошта бошад»,- таъкид намуд И.Аҳмад.
Иброҳим Аҳмад ҳамчунин ба ҳамватанон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки «тавре борҳо иттилоъ додем, дар Федератсияи Россия Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7 (495) 967-98-44 , +992(44) 640-19-51, тел.моб: 8 926 255 0927, сомонаи расмии www.tajmigration.ru., почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд. Аз ҷумла, агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Россия ҳуқуқҳои қонунии онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шавад ва ё мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор ( оид ба хориҷ кардан аз худуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё миёнараве аз пардохти музди маоши шумо саркашӣ кунад, ё ин ки мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошед, бароятон ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоед. Агар чиптаи ба ҳавопаймо ва ё қатора гирифтаи шумо қалбакӣ бошад, дар вазъияти мушкил бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт монда бошед, ба шумо кумаки машваратӣ дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо зарур шавад, дар ин ҳолатҳо низ мо ба шумо кумак мерасонем».








Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд






