Дар Душанбе масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» ҳамоиш доир гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбута иштирок доштанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории нишасти мазкур хабар дод, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр кард, ки «ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар амалигардии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок менамоянд.
Роҳ кушодан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини раванди демократикунонӣ дар мамлакат маҳсуб шуда, барои ҳамкории ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ бо давлат мусоидат намуда, ҷиҳати ҳалли муҳимтарин масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ имкон фароҳам меорад», -афзуд номбурда.
Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода доир ба масъалаи матраҳшаванда аз таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ ёдовар шуд.
«Сарвари давлат дар ин суханронӣ таъкид намуда буданд, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад», — иброз дошт М.Абдуллозода.
Сипас коршиноси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС Нусратулло Зокиров дар мавзӯи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чун омили муҳими демократия дар Тоҷикистон», раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов оид ба «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоалӣ Алиев доир ба «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова оид ба «Нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ва дигарон доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи мавриди назар ибрози андеша намуданд.
Нотиқон, аз ҷумла зикр карданд, ки алҳол дар Тоҷикистон институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунанд, ки онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ кумак намуда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, чорабиниҳои ҳукуматиро баррасӣ менамоянд ва таклифҳои худро барои такмили онҳо пешниҳод мекунанд.
Баромадкунандагон ҳамчунин аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2017 баргузор гардида буд, ёдовар шуданд.
Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ, аз ҷумла, зикр карда буданд, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳоти сохтори давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ буда, барои бартараф кардани камбудиву мушкилоте, ки дар сохтори идораи давлат ба назар мерасанд, кумак мекунад. Қисми зиёди ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар доираи ҳамин талабот дар ҷараёни муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баргузории раъйпурсиву интихобот, ислоҳоти сохторӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ мунтазам иштирок карда, то ба имрӯз як қатор ташаббусу пешниҳодҳои онҳо амалӣ гардиданд, ки онҳо, дар маҷмӯъ, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, тавсеаи фарҳанги сулҳ ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуданд.
Зимни он суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки дар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва кӯшиши иштирок дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз шартҳои ноил шудан ба пешрафту тараққиёт ва суботу амният мебошад.










Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд






