Профессор Абдушукур Абдусатторов: «170 сол аст, ки дар Шарқу Ғарб паҳлӯҳои муталифи осори Рӯдакиро таҳқиқ доранд»

Сентябрь 21, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз нимаи дуюми асри ХIХ то имрӯз 170 сол мешавад, ки  дар кишварҳои шарқу ғарб олимон паҳлӯҳои муталифи осори поягузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҳқиқ доранд ва ин кор идома хоҳад ёфт. Ин нуктаро 20 сентябр зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Абдушукур Абдусатторов  баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур олимон, донишмандон, аспирантону магистрон ва муҳаққиқони осори устод Рӯдакӣ иштирок ва баромад намуданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ Абдушукур Абдусатторов оид ба масъалаҳои тарҷумаи шеъри устод Рӯдакӣ ба забони русӣ гуфт, ки «тарҷумаи русии шеъри Рӯдакӣ дар замони Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шакли асосии муаррифии ӯ дар олами русзабон ва берун аз он буд».

Зикр гардид, ки имрӯз осори поягузори адабиёти тоҷику форс қариб ба ҳамаи забонҳо тарҷума ва дастраси дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд.

«Тарҷумаи осори устод Рӯдакӣ аз забони арабӣ шурӯъ шуда, зина ба зина ба забонҳои англисӣ, немисӣ, франсузӣ, русӣ ва ғайра идома ёфт. Бештари мамлакатҳои узви собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯйи шакли русӣ ашъори Рӯдакиро тарҷума, баргардон ва муаррифӣ намуданд», — афзуд Абдушукур Абдусатторов.

Ба гуфтаи мавсуф, аз соли 1958 ба ин давр дар бораи тарҷумаи шеъри Рӯдакӣ диққат зиёдтар гардида, аз соли 1963 инҷониб маҷмӯаҳои нахустин ба нашр расиданд.  «Маъмулу машҳуртарини онҳо маҷмӯаи «Рӯдакӣ- шоири замони худ» буд, ки тарҷумаи шеърҳо ба  қалами беҳтарин мутарҷимону нависандагони рус анҷом пазируфтааст», -гуфта шуд дар идомаи конфронс.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуда, маъмулан олимону донишмандон ва таҳлилгарони осори ӯ ин рӯзро бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб пешвоз мегиранд

«Конфронси имрӯза низ ба ин муносибат бахшида шуда, дар заминаи он аҳли илму адаб паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакиро таҳлилу баррасӣ намуданд», — иброз дошт профессор Мисбоҳиддин Нарзиқулов.

Зикр шуд, ки бо шарофати замони соҳибистиқлолӣ шеъри ноби тоҷикӣ ва мақоми Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ мешавад.

Маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО дар соли 2008  1150 – солагии шоири миллии мо, падари шеъри тоҷикӣ -форсӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин, мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.

Зимнан, муҳаққиқон бар он назаранд, ки омӯзиши эҷодиёти Рӯдакӣ аз ибтидои асри XIX шурӯъ шуда, аввалин шахсе, ки дар Ғарб аз шоирии Рӯдакӣ ва соҳибдевон будани ӯ хабар додааст, сайёҳи фаронсавӣ, муаллифи асари «Эрон» (с.1814) Амелс Журден буд. Дар ин давра дар асари шарқшиноси австриягӣ Ҳаммер Пургштал («Таърихи шеъри форсӣ», с.1818) ва китоби Луи Дюбо «Эрон» (с.1841) низ оид ба шарҳи ҳолу аҳволи Рӯдакӣ маълумот ба табъ расид.

Инчунин шарқшиноси машҳури немис Ҳаммер Эте, донишманди фаронсавӣ Шарл Шеффер, шарқшиносони машҳури англис Чарлз Пиккеринг ва Эдвард Браун, донишманди америкоӣ Вилямс Ҷексон, донишманди англис Рубин Левин, олими чех Ян Рипка, шарқшиноси немис Паул Ҳорн ва дигарон роҷеъ ба шарҳи ҳол ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маълумот додаанд.

Донишмандони Ҳиндустону Эрон низ дар бораи осори Рӯдакӣ асарҳо эҷод кардаанд. Доир ба ҳаёту эҷодиёт ва хусусияти ашъори устод Рӯдакӣ донишмандони тоҷик, аз ҷумла, С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Нуров ва дигарон мақолаву рисолаҳои илмиву маърифатии зиёд таълиф кардаанд.

Хуллас, осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ мебошад. Омӯзиш ва таҳқиқи осори ӯ ҳазорсолаҳои дигар низ боқӣ мемонад, зеро суханаш абадист. Маҳз ба ин хотир, муҳаққиқон устод Рӯдакиро омӯзгори бузурги ахлоқ номида, шеъри ӯро саршор аз  ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ маънидод мекунанд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад