РОҒУН – ВОЖАЕ ЧУН ҚАСАМ ДАР ЗАБОНИ ХАЛҚ. Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!

Сентябрь 9, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 09.09.2019/АМИТ  «Ховар»/. Мардуми босаодати тоҷик дар арафаи рӯйдод ва зуҳуроти бузурге истодаанд. Бубинед, аз оғози Истиқлолияти давлатиамон то ба имрӯз ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар ҳафта ва ҳатто ҳар рӯзе мо шоҳиди як падидаи хуҷаста, як пирӯзии халқу ватанамон мегардем. Боз як падида, як санаи дурахшони дигар, ки мояи ифтихор ва сарфарозии мост, ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Дар робита ба ин рӯйдоди фараҳбахш таваҷҷуҳ намоед ба меҳрнома дар бораи Роғун, ки   ходими адабии АМИТ «Ховар»Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло навиштааст:

9 сентябри соли 2019 мо шоҳиди боз як пирӯзии дигари Истиқлолияти давлатии мамлакатон хоҳем шуд: агрегати навбатӣ, чархаи дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба кор оғоз хоҳад кард. «Роғун»-е, ки барои мо аҳамияту қиммати беш аз як нерӯгоҳро пайдо кардааст; «Роғун»-е, ки рамзи хуҷастаи миллии мо, рамзи шарафу эътимоди мо  гардидааст, «Роғун»-е, ки пайкараи нуру сафои на фақат зоҳирӣ, балки ботинии халқу давлати мост.

Борҳо гуфтаему ба такрор мегӯем, наметавон дар бораи «Роғун»- ин сохтмони бузургу бешабеҳ ва тақдирсози мамлакат бе изтиробу ҳаяҷон ва муҳаббату эҳсосоти баланд сухан кард. Ин вожаи кӯчак  имрӯз дар худ он қадар хуҷастагиҳову пирӯзиҳо ва ғояҳои бузурги миллиро тавонистааст таҷассум созад, ки  дар қатори вожаҳои муқаддас дар забонамон садо медиҳад. Имрӯз вожаи  Роғунро мо чун қасам ба забон меорем, қасами садоқат, қасами муҳаббат, қасами вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, ба Тоҷикистони азизамон.

Вожае, ки дар ҷилои дурахшони он армони ҳазоронсолаи як халқи равшанравон инъикос ёфт!

Вожае, ки фурӯғи меҳр, дурахши муҳаббат ва ҷилои самимияти як миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёд гардид!

Вожае, ки неруи  бовар ба мо бахшид ва  ба сӯи оянда шукуфон раҳнамоямон шуд!

Роғун! Вожае, ки савганди эътимоду эътиқоди мост!

Роғун!  Вожае, ки ангезиши  эҷодкориҳо, заминаи бунёдкориҳо дорад!

Оё шумо ҷилою фурӯғу дурахши садоқат ба Ватан, муҳаббат ба озодӣ, эътимод ба Истиқлолияти давлатӣ ва бовар ба Ваҳдати миллии халқи моро дар он эҳсос намекунед? Оё халқи некманиш ва заҳматпарварамон дар ин вожаи дурахшон  фурӯғи наҷоти худро дарнаёфтааст?

Ин вожаи  муқаддас халқи моро бори авввал дар таърих чунин бо эътимод ба ҳам овард, зеро бунёди он ҳадафи баланди миллии тоҷикон гардид. Ин вожа, ҳадафи бунёди он водошт, ки тамоми мардуми тоҷик, сарфи назар аз  маҳал ва мансубиятҳои дигар, аз як гиребон сар бароваранд,  ба ҳам оянд ба ваҳдату ягонагӣ бирасанд, ки омили асосии кафолати Истиқлолияти давлатии мо маҳз дар он ба зуҳур омадааст!

Роғун майдон аст, корзор аст, мактаб аст: майдони ҷавонмардӣ, корзори ҷоннисорӣ ва мактаби худшиносии миллӣ!

Бубинед, чӣ қадар тобишҳо ва маъниҳои баландро тавонистааст дар худ ҷило бахшад ин як вожаи дурахшон. Роғун — садоқат, Роғун — бовар, Роғун — таҳаммул,  Роғун — дониш, Роғун — ҳунар, Роғун — дӯстӣ, Роғун — бародарӣ …Ва оқибат Роғун дастоварди дурахшони Истиқлолияти давлатӣ ва пирӯзии халқи бунёдкори тоҷик!

Роғун, пеш аз ҳама, таҷассуми муҳаббати Ватан аст. Таҷассуми симои бешикасти халқи мост.

Роғун имтиҳон аст, имтиҳони асолати инсонию миллии мо тоҷикон. Имтиҳоне, ки миллати тоҷик дар он тамоми сифатҳои баланди инсонию башарию таърихии худро тавонист ҷамъ оварад ва бо сарбаландиву сарфарозӣ, новобаста ба ҳама гарониҳо, хатарҳо, таҳдидҳои мудҳиш ва хатарангез, мисли Сиёвуш аз байни алангаи сӯхтор, аз он бигзарад ва сарбаланду пирӯз бошад. Сарбаланд  дар пеши ҷаҳониён, пирӯз дар пеши худ.

Роғун лоиҳаи нодири гидроэнергетикиест, ки метавонад на танҳо барои давлати мо, балки барои тамоми минтақа хидмати босазо кунад. Дар шароити  тағйироти глобалии иқлим, ки ба атмосфера партовҳои газҳои зиёновар ва маводи сӯхт хориҷ мегарданд, бунёди ин сохтмони аз ҷиҳати экологӣ бехатар аҳамияти ҷаҳониву башарӣ пайдо кардааст.

Бунёдкориҳои Роғун намунаи ибрат буда,  сабақи бемисл ба ҳар бинанда медиҳанд. Шумо бо дидани ин ҳама созандагию бунёдкорӣ, ин ҳама ҷоннисориву таҳаммулпазирӣ, ин ҳама муҳаббати баланду фидокорӣ ба куллӣ инсони дигар мешавед; агар ноумед бошед, саршори умедҳо мегардед, агар тарсу бошед, далеру қавидил  ва агар дилмонда аз дунёед, эътимод ва бовар ба худ, ба Ватан, ба дунё пайдо мекунед. Зеро ин рӯҳияи баланди миллӣ, соҳибватанӣ ва фидокориву садоқат, ҷоннисорӣ, ки дар ин ҷо ҳукмрон аст, шуморо фаро мегирад ва шумо худро узви ин ҷараёни бузурги фидокориҳо эҳсос мекунед. Бо боздид аз ин сохтмоне, ки дар тасаввур гунҷонидани он душвор аст, эътиқоду эътимод, муҳаббат ва бовар ба Ватани соҳибистиқлол, ба Пешвои воқеан муаззами миллат, ки саркору раҳнамову раҳкушои ин ҳама бунёдкории азим аст, даҳчанд афзун мегардад.

Ташаббус, дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар ин сохтмони азим ҳамеша ба бинокорон рӯҳбаландӣ ва бовару неру мебахшад. Тамоми мардуми дунё тавассути наворҳо шоҳиди тӯли яку ним соат дар сари фармони булдозер бо ҷасорат, мардона, бо камоли кордонии як ронандаи таҷрибадор ва корозмуда пеши роҳи дарёро бастани Пешвои миллат буданд. Мо зиёиёни мамлакат дар қатори мардуми дигар дар он ҷо ҳузур доштем ва шоҳиди он лаҳзаҳои нотакрори таърихӣ гардидем. Якуним соати ҷасорат, якуним соати мардонагӣ, кордонӣ, ҷоннисорӣ, якуним соати гузаштан аз имтиҳони тақдир аз ҷониби Пешвои миллат. Тасвири ин манзара ҳаргиз аз пеши назар нахоҳад рафт ва чун сабақи ҷавонмардӣ дар забонҳои мардум ҳамеша такрор ба такрор  хоҳад омад.

Майдони набарди одаму дарё чун рӯи кафи Худованд намудор буд. Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдоми Пешво чӣ қадар хатар дошт, ҷоннисорона буд, аммо ӯ бо камоли ғайрату ҷасорату қатъият ин корномаро сарбаландона иҷро кард ва ягон ҷои баҳс нагузошт.  Мо дидем ва ҳама диданд, ки Пешвои миллати мо на фақат зебандаи сари минбарҳои баланди сиёсӣ, балки зебандаи сари фармони булдозер ва ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳам ҳаст. Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдомро чӣ хатарҳое дунболагиранд ва лаҳзаҳое буданд, ки ӯ ҷон ба каф, рӯ ба рӯ бо марг, даст ба гиребон бо хатарҳо шудаву ғолибу фирӯз аз ин набард баромад. Ва ҳассостарин лаҳза ҳамон лаҳзае буд, ки оқибат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо дар набарди дарёи асрҳо таслимнопазир бо булдозер пеши маҷрои якраву таслимнопазири дарёро бубаст ва аз соҳил ба соҳили дигар гузашт. Ва ин гузаштан чӣ қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, гузаштан аз торикӣ ба рӯшноӣ, гузаштан ба пирӯзӣ аз вартаҳои ҳалокат барои Ватан ва халқи азиз.

Сохтмони НБО-и «Роғун» таърихи бисёр гаронеро пушти сар кардааст. Дар он замоне, ки ҳама дунё муқобил буд,  касе бовар надошт, ки Роғун сохта мешавад. Неруҳои хеле тавоное садди роҳи бунёди Роғун буданд, душманони қавии зиёде дошт Роғун, танҳо як нафар бо садоқат, бо ватандӯстии бемисл, бо бовару эътимод ҷоннисорона бар муқобили ҳама олам истод ва гуфт:  “На, мо Роғунро месозем!!!”.

Ва бо чӣ заҳматҳое, бо ҳаллу фасли чӣ мушкилоте боварнакарданӣ, пайваста бо сабру таҳаммул ва ҷоннисорӣ,  бо муборизаҳои фидокоронаи Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон бунёди Роғун оғоз гардид. Имрӯз афсона ба ҳақиқат табдил ёфт!

Вақте ки  ӯ ғолибона пеши дарёро баста, ба соҳили дигар гузашт ва хатарҳо пушти сар шуданд, ғиреву фарёди пирӯзӣ акси садо дар кӯҳҳо доданд, мардум нидо карданд: “Ҳаббазо, Пешвое чунин ҷоннисору шуҷоъ!”  Оё баъд аз ин  чӣ гуна метавон нисбат ба бунёди Роғун бетафриқа буд, ки ба рамзи пирӯзии миллати мо табдил ёфт. Он бинокороне, ки инро диданд, бо ғайрату неруи даҳчанд бештар ба бунёди НБО-и «Роғун» идома бахшиданд. Он халқе, ки инро дид, эътимоду эътиқоди бештаре ба Пешвои худ, ба фардои дурахшони Тоҷикистон пайдо намуд.

Як нуктаро бояд ҳатман зикр кард, ки новобаста бо ҳама гарониву хатарҳо, худ ба  сари фармони булдозер нишастани Президенти мамлакат иқдоме барои худнамоӣ набуд. Ба ин тариқ ӯ, ки худ новобаста ба ҳама садҳои гарон, номумкиниҳо, нобовариҳо, бо камоли ватандӯстию боварӣ бар алайҳи ҳама душманони муқобил ба бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз бахшид ва аз мобайни он қадар мушкилоти гарону боварнопазир бо таҳаммулҳою ҷоннисориҳо бигзашту то ин рӯз расид, ҳарчанд дунё бовар надошт, маҳз ӯ, худи ӯ бояд бо дастони худ пеши дарёро мебаст ва охирин нуқтаи ин корномаи беназирро мегузошт. Ва исбот мекард, ки ҳақ бо ӯ буд. Ин иқдоми дуруст, шоиста ва  сазовори Пешвои миллат буд. Танҳо ӯ ҳуқуқ дошт ин корро иҷро кунад, яъне пеши дарёро ба дастони худ бубандад ва  ӯ сарбаландонаву шоиста онро иҷро кард.

Вақте ки шумо аз 70 километр нақбҳои бузурги зерзаминӣ, ки ҳар ваҷабу ҳар қадамаш бо  ҷоннисориҳо, рехтани арақҳои ҷабину меҳру муҳаббату садоқати  ҷавонмардону фидокорони воқеии Ватан бунёд гардидааст, мегузаред; вақте ки шумо ин ҳама эъҷозро дар қаъри замин, дар ҷигари ин кӯҳҳои сарбаланд мушоҳида мекунед; ин қадар неру, муҳаббат, заҳмати гарону таҳаммулталабу ватандӯстонаро, ки ин ҳама эъҷозро офаридааст, мебинед; танҳо ҳамон вақт дарк мекунед, ки Роғун корзори бузургу бесобиқаи қаҳрамониву ҷоннисориву фидокорист.

Сохтмони Роғун сохтмони танҳо як истгоҳи барқӣ нест. Ин сохтмон зуҳуротест, ки бузургии миллати мо, ягонагии миллати моро аз имтиҳони воқеӣ ва бе гузашти худ гузаронидааст.  Бо бунёди Роғун мо, мисли ин ки худамонро,  сиришти ватандӯстонаи худамонро аз нав бунёд гузоштем.

Баъдан,  ин сохтмон дар ҷаҳон назир надорад, нахустин ва ягона намуна аст, лоиҳаи гидроэлектрикиест, ки дар он ҳама чиз бори аввал таҷриба мешавад. Бад-ин сабаб бо ҳалли мушкилоту муаммоҳои зиёде, ки таҳқиқоти мукаммали илмӣ ва эҷодкориву навовариҳои истеҳсолии зиёде талаб дорад, рӯ ба рӯ омада буд ва аз онҳо бо камоли маҳорату кордонӣ ва ҷавонмардиҳо тавонист убур кунад. Баъдан, Роғун сохтмонест, ки ҷоннисорӣ ва худофариву  ҷасорати баланди миллиро дар рӯ ба рӯ бо саддҳои табииву сунъӣ ва дигар мушкилоти бавуҷудомада тақозо дошт.

Яке аз падидаҳои ҳайратангези НБО-и «Роғун» сохтмони нақбҳои он аст. Нақбсозӣ дар таърихи инсоният собиқаи қадимӣ дорад. Нақби қадимтаринро бостоншиносон аз Бобулистон пайдо кардаанд, ки аз  зери дарёи Даҷла мегузашт ва соли 2160 –и то милод сохта шуда буд. Дар ҷаҳони муосир дарозтарин нақби ҷаҳон “Готҳард” ба дарозии 57 километр ҳисоб меёбад, ки дар Аврупо сохта шудааст. Нақби “Сейкан”, ки аз зери баҳр гузашта, ҷазираҳои Ҳонсю ва Ҳоккайдои Японияро ба ҳам мепайвандад, 53,9 км-ро ташкил медиҳад. Аммо нақбҳои Роғун, ки дар маҷмӯъ 70 километрро фаро гирифта, дарозиашон бештар аз нақбҳои номбурда мебошад,  аз дилу ҷигари кӯҳҳои азим, на фақат харсангҳои фулузини миллионсола, балки метавон гуфт дарёву баҳрҳои замири кӯҳҳои сангин гузаштаву бунёд ёфтааст, ки коре саҳл набуд ва дар олам собиқа надошт.

Имрӯз дар майдони корномаҳои беназири халқамон, дар майдони ифтихор, дар майдони пирӯзии НБО-и «Роғун» истода, кас мехоҳад бори дигар бо ҳама вуҷуд, бо ҳама ово нидо кунад: Зиндаӣ ту, эй хуҷаста миллат! Зиндаӣ ту , эй сиришти нек!  Зиндаву пойдорӣ, эй  гузашта аз дами аждари шарри дунё! Зиндаӣ ту, эй зодаи Ҳурмузд – Худои некӣ! Пирӯзии ту пирӯзии адолат аст,  пирӯзии некӣ бар  бадист! Гузаштагонӣ ту ҳамеша пирӯз буданд, на дар майдонҳои куштору ғоратгарӣ, на дар майдонҳои ғасби кишварҳо, тороҷу тохту тоз,  балки дар майдонҳои илму маърифат, ҷавонмардиву футувват, некиву хайрхоҳӣ ва эҷодкорию бунёдкориҳои бузург ба манфиати башарият!

Муборак бод ин санаи фархундаи таърихӣ — ифтитоҳи чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»!

Муборак бод пирӯзии нур бар зулмот!

Муборак бод бунёди Роғун бар миллати нурофари тоҷик!

Муборак бод пирӯзии Роғун ба Сарвари ҷоннисори давлат!

Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!

Нурборон бод зиндагии халқи некӯманиши мо!

Сентябрь 9, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода