Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Венаи Австрия маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» баргузор гардид.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Фонди ОПЕК Директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он саҳми Бонки Исломии Рушд – 15,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Саудии Рушд – 25,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК – 10,0 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,5 млн. доллари амрикоӣ мебошад.
Мақсади лоиҳа- ин беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим буда, сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасӣ ба таъминоти об мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур охири соли 2019 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






