Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои амниятӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав ҚОСИМ аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ