«Сомон Эйр» соҳиби чархболи «Airbus Helicopters» тамғаи Н125 гардид

Октябрь 30, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби як адад чархболи нави тамғаи Н125  гардид. Калиди чархбол 28 октябр дар маросими тантанавӣ дар заводи «Еврокоптер» дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба роҳбарияти ширкат супорида шуд. Дар ин маросим намояндагони вазорати марбута, роҳбарияти ширкатҳои «Airbus Helicopters», «Казахстан инжиниринг» ва «KazakhExport» иштирок доштанд.

Чархболи тамғаи H125 дар Қазоқистон аз ҷониби ширкати муштараки «Eurocopter Kazakhstan Engineering»  васлу насб гардида, аввалин чархболи «Airbus Helicopters» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи мазкур дар ҳамдастӣ ва маблағгузории ҶС «Ширкати суғуртаи содиротии Казахэкспорт» ва ҶСК «Ориёнбонк», инчунин иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон татбиқ гардидааст.

Муовини аввали директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Сӯҳроб Ҷӯраев дар маросими супоридани чархбол ба шарикон барои татбиқи ин лоиҳа ва касбияти баланд изҳори сипос намуда, аз вусъати ҳамкории минбаъда ва афзоиши шумораи чархболҳои Airbus дар Тоҷикистон изҳoри умед кард.

Ҳамзамон Директори генералии ширкати «Eurocopter Kazakhstan Engineering» Штеффен Юнг барои эътимод ба ширкати «Eurocopter Kazakhstan Engineering» миннатдорӣ карда, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рушди босубот ва парвозҳои бехатарро таманно намуда, таъкид кард, ки чархболи Н125 дар рушди ширкат мусоидат хоҳад кард. Чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишаст барои мусофирон дорад. Тамғаи H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд ва чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат, ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат аст.

Октябрь 30, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд