«ҲАҚ НИҲОН НЕСТ…». Мулоҳизоти муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаи саноат

Октябрь 17, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 17.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат доир гардид.  Дар ин бора мулоҳизаҳои муовини сармуҳаррири рӯзномаи  «Садои мардум» Далер Мергановро пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» мегардонем.

-Ин мулоқоти муҳим дар фазои  ошкоро ва самимият сурат гирифт.  Мутаассифона, воситаҳои ахбори омма, ба истиснои АМИТ «Ховар» доир ба ин масъала «ба даҳон об гирифтанд». Ҳол он ки метавон аз далелу рақамҳои суханронии Сарвари давлат  ва пешниҳоду дархостҳои соҳибкорон матолиби ҷолибро, ки дар ташаккули афкори хонандагон нақши бориз гузошта метавонад, иншо кард. Ин мулоқот идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, бо дарназардошти муҳтавояш дар беш аз пеш фузудани маҳбубияти Пешвои миллат саҳим хоҳад буд. Далелу рақамҳои дар суханронии Пешвои миллат  зикршуда моҳиятан силии навбатии обдор ба рӯи ҳарзагӯён, сафсатапароканон ва нотавонбинони миллати тоҷик аст.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки баробари тасмими татбиқи иқдоме аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе ба ном коршиносон, ки «зери табл»-и гурӯҳҳои манфиатдор «арғушт рафтанашон»  аз эҳтимол дур нест, мехоҳанд моҳияту дурнамои онро таҳриф намоянд.

Хуб дар хотир дорам, замоне ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати  мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд, «ба пӯстини баъзеҳо кайк даромад» ва шурӯъ карданд ба сафсатапароканӣ. Хулоса карданд, ки «иҷрои он саҳлу сода нест». Як идда «коршиносон» он замон гуфта буданд, ки «барои як давлате, ки иқтисоди пойбанд ба қарзи берунӣ ва тавозуни манфии тиҷоратӣ дорад, рушди саноат бисёр муҳим аст. Вале дар қолаби ҳозираи иқтисод амалӣ кардани ин ҳадаф номумкин аст».

Аз муҳтавои андешарониҳои чунин ашхос бармеояд, ки воқеиятро нодида гирифтан рисолати ин хиранигоҳон аст. Ба қавли Мирзо Бедили бузургвор:

             Бедил, аз шаҳпарак кайфияти аҳвол мапурс,

            Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд.

Камина мунтазир будам, ки дар ин робита олимони соҳа, ки дар пажӯҳишгоҳу институтҳои сершумори соҳа рӯз кӯр мекунанду барои ин аз буҷети давлат маош мегиранд, вокуниш хоҳанд кард. Вале афсӯс…

Чунин ба назар мерасад, ки онҳое, ки посух гуфтан ба чунин сафсатаҳо вазифаи ҷониашон маҳсуб мешавад,  мақоли русии  «кулбаи ман дар канор аст»-ро шиори худ қарор додаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ гуфта буданд, ки ҳарзагӯӣ нисбат ба Ҳукумат аз ҷониби нотавонбинон танҳо таҳқири роҳбарият ва аъзои он нест, балки ба ҳама сокинони  мамлакат  дахл дорад. Мутаассифона, аксарият «даҳони пӯшида сад тилло»-ро шиор қарор додаанду сафсатагӯён ва як қисмати шаҳрвандон  «сукутро аломати ризо»  қабул кардаанд.

Сарвари давлат бо  сароҳат иброз доштанд, ки «дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад».

Мақсади мулоқоти зикршуда баррасӣ кардани масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки  аз азми қавӣ ва нияти неки Сарвари хирадсолори давлат шаҳодат медиҳад.

Дар идома зикр шуд, ки «ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, содагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати  мамлакат нақши муҳим доранд.

Бегуфтугӯ, муқоиса  намудан замина барои баровардани хулосаи асоснок маҳсуб шуда, Сардори давлат дар суханрониашон ба ин восита воқеиятро бо далелҳои раднопазир бозгӯӣ намуданд. Минҷумла таъкид гардид, ки «соли 1991 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 215 ҳазор нафар кормандон ё 13 фоизи аҳолӣ дар иқтисодиёт машғул фаъолият доштанд ва ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур 25,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод. Соли 1991 ҳиссаи саноати сабук ва хӯрокворӣ дар таркиби соҳа якҷо 70,6 фоиз ва саноати вазнин 29,4 фоизро ташкил медод, ки ин нишондиҳандаи афзалият доштани соҳаҳои коркард дар  мамлакат буд».

Хеле бамаврид ёдоварӣ шуданд, ки «дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар соҳаҳо саноати мамлакат ба зарбаи шадид дучор гардид. Дар натиҷа соли 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 32,3 фоизи ҳаҷми соли 1990-умро ташкил кард».

Мутмаинам онҳое, ки иқдомоти дар ин самт амалишударо зери суол мебурданд, баъд аз таҳлили амиқу доманадори Пешвои миллат ба ҳолати нокаут афтоданд. Хосса, ёдоварӣ аз корхонаҳои азим, аз ҷумла, Заводи яхдонбарории «Помир» ва «Корхонаи арматурбарорӣ»-и шаҳри Душанбе ки пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти қобили мулоҳиза доштанду сипас талаву тороҷ шуданд, муҳиму саривақтист.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди он давра барои пешгирӣ кардани таназзули истеҳсолоти саноатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон  муяссар шуд, ки бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳавасманд кардани фаъолияти истеҳсолӣ саноати ҷумҳуриро инкишоф диҳад ва пастравии ҳиссаи соҳаро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боздорад.

Ҷиҳати муътақид гардидан ба ин гуфта як назари иҷмолӣ ба далелу рақамҳои дар ин мулоқот баёншуда кифоя аст. Барои мисол, тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Илова бар ин, зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати  мамлакат  ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ мешавад.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки баробари ба ширкате пешниҳод шудани имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ булбулаки баъзе «коршиносон» ба хондан даромада, дар навбати аввал ба молики ширкат «таваҷҷуҳ» зоҳир мекунанд. Ҷанбаҳои дигар – фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ, ғановати Буҷети давлат, коҳиш ёфтани воридот, рушди истеҳсолот, муаррифии ҷумҳурӣ  ба шарофати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар арсаи байналмилалӣ ва ғайра аз мадди назари ин  «аллома»- ҳо дур мемонад.

Ин қабил нодида вонамуд мекунанд, ки Ҳукумати мамлакат на танҳо ба ширкатҳои алоҳида, балки соҳаҳои аз лиҳози моҳият барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ  саҳми бориздошта, аз қабили сайёҳӣ, парандапарварӣ, саноат ва ғайра имтиёзҳои қобили мулоҳиза пешниҳод намудааст.

Дар мулоқоти мавриди назар Пешвои миллат аз он ёдовар шуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи хориҷиву ватанӣ тавассути озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои гуногун дар ҳаҷми беш аз 21 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардиданд, ки саҳми давлат дар рушди саноати  мамлакат  маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, Ҳукумати  мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд. Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин раванд ягон соҳа ва ширкату ташкилот «бачаи ӯгай» набуда, анқариб тамоми соҳа ва ашхоси ба талабот ҷавобгӯ имкони бархӯрдорӣ аз чунин имтиёзҳоро доранд.

Мавриди зикри алоҳида аст, ки новобаста аз доман паҳн намудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ  давоми солҳои охир дар ҷумҳурӣ  бо ҷалби қариб 9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим 13 корхонаи калони саноатӣ бунёд карда шуд.

Онҳое, ки бо вуҷуди дар умрашон хиштеро болои хишт намондан корҳои амалинамудаи Ҳукуматро нодида мегиранд, бояд дарк намоянд, ки даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ сарфи бартараф намудани паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ шуда буд. Вобаста ба ин масъала дар суханронии Пешвои миллат барҳақ зикр гардид, ки «баробари аз кор мондани корхонаву коргоҳҳои кӯҳнаву фарсудашуда бо ташаббуси давлат ва соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои нав ташкил  меёбанд, ки қисми бештари онҳо асосан ба 7-10 соли охир рост меояд. Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат  2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории нав сохта шудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд».

Зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳои ба саноат  рабтдошта набояд нодида гирифт, ки соҳаи мазкур алҳол  дар Тоҷикистон зиёда аз 90 самти коркард, истихроҷ ва истеҳсолотро дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, мошинсозӣ, сохтмон, маъдан, коркарди металл ва кимиё  дар бар мегирад.

Ҳарчанд ки дар ҳафт соли охир суръати миёнаи рушди саноати ҷумҳурӣ  дар сатҳи қариб 12 фоиз таъмин шуда истодааст, вале Раиси Ҳукумати Тоҷикистон   иброз доштанд, ки  «ин нишондиҳанда барои саноатикунонии босуръати  мамлакат  ҳоло ҳам қонеъкунанда нест». Таъкид гардид, ки «Ҳиссаи соҳа дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2018-ум 17,3 фоизро ташкил кард ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин ҳиссаро ба 30 фоиз расонем».

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ин мулоқот ягон масъала аз назари Пешвои миллат дур намонд ва кулли мушкилоти аз ҷониби соҳибкорон бамиёнгузошташуда дар ҷояш ҳал гардид. Далел меорам: Аксар соҳибкорон аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки бонуси обунавӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки ҳанӯз корҳои истихроҷро шурӯъ накардаанд, як қатор мушкилоти иқтисодиву молиявӣ эҷод кардааст. Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз масъалаи аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷ давра ба давра пардохтани бонуси обунавиро пешбинӣ намояд.

Чанде пеш мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» -ро қабул ва ҷонибдорӣ карда буд, ки  феълан мавриди амал қарор гирифтааст. Дар номи қонун истифода шудани ибораи «сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» далели муҳимият ва мавқеи калидӣ доштани соҳаи мазкур  аст. Ба таври дигар гӯем, сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат — маҷмӯи чораҳои таъсиррасонии давлатиро ба фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба рушди мутаносиб ва устувори иқтидорҳои саноатӣ, таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ равона шудаанд, дар бар мегирад. Ҳадафу вазифаҳои ин сиёсат, ки дар қонун муқаррар шудаанд, аз рушди босубот ва инноватсионии саноат, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, гузариш аз тавлиди ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазирӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад ва дастгирӣ намудани содироти чунин маҳсулот, ҳавасмандгардонии татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, азнавкунии техникии иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмини бехатарии саноатӣ, дастгирии истифодаи оқилона ва самараноки иқтидорҳои биоиқлимии ҷумҳурӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, сарчашмаҳои алтернативии энергия ва ғайра иборат мебошанд.

Яке аз муқаррароти қобили таваҷҷуҳи қонун моддаи 15 — «Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ» маҳсуб мешавад. Муқаррароти мазкур идомаи мантиқии дастгириҳои  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагон буда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза аст. Тибқи он ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дода мешавад. Ба ғайр аз ин, афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дар мавриди мувофиқати он ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ зоҳир мешавад.

Дар мулоқоти зикршуда Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур доданд, ки  «Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро зарур аст, ки ҳангоми баргузории озмунҳо барои таъмини эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ молистеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намояд».

Пешвои миллат аз он ёдовар шуданд, ки  «дар тамоми кишварҳои мутараққӣ аз аҳолӣ то муассисаҳои давлативу хусусӣ дар ҳар давру замон, махсусан дар давраи буҳронҳо барои дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ маҳсулоти истеҳсоли ватаниро харидорӣ менамоянд».

Дар фарҷом таъкид гардид, ки «молистеҳсолкунандагони ватанӣ бояд дастгирӣ ёбанд ва ҳар як фарди бонангу номус барои дастгирии онҳо кӯшиш намояд».

Дар маҷмӯъ, далелу рақамҳое, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуданд, моҳиятан силии навбатии обдор ба рӯи ҳарзагӯён, сафсатапароканон ва нотавонбинони миллати тоҷик аст. Шаппотие, ки баъд аз он ба худ омадани ин қабил имконнопазир аст.

Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи  «Садои мардум»

Октябрь 17, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад