Бозиҳои даври 18-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом ёфтанд

Октябрь 7, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳаждаҳуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар сатҳи  олӣ баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад. 

Бояд  зикр кард, ки дар бозии марказии даври мусобиқоти мазкур дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар майдони худ аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти чемпиони  Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, ССКА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, бори ҳаштум ба унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи «Хуҷанд» бо 32 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Ба хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра дар чаҳор бозии боқимонда се имтиёз ба даст овардан кофист. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Ба ҷуз футболбозони шаҳри Турсунзода дастаҳои «Хатлон», ССКА «Помир» ва «Истравшан» барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Дастаи «Кӯктош» ба ин минтақа ворид шуд.

Бинобар бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Япония дар мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад, дар мусобиқоти Лигаи олӣ танаффус эълон шудааст. То охири мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон се давр мондааст. Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон  20   октябр баргузор мешаванд.

 

Мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

 

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

 

5 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 14 3 1 52-14 45
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 10 2 5 33-17 32
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 7 4 7 26-28 25
4 «Хатлон» (Бохтар) 18 6 5 7 24-24 23
5 ССКА «Помир» (Душанбе) 18 6 4 8 19-24 22
6 «Истаравшан» (Истаравшан) 17 6 3 8 17-24 21
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 18 5 5 8 24-32 20
8 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 18 3 2 13 13-45 11

 

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

 

Бояд хотирнишон намуд, ки бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон  20   октябр баргузор мешаванд.

Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо  «Истаравшан», «Панҷшер» бо  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вомехӯранд. Оғози бозиҳо  соати 15:00.

Октябрь 7, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад