Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии мақомоти гумруки ИДМ RILO – Москва баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумруки кишварҳои узви шабакаҳои алоқаи минтақавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи Cозмони Ҷаҳонии Гумрук /СҶГ/ оид ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ RILO-Москва баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии RILO — Москваро аз номи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло
Ҳурматзода хайрамақдам гуфта, нақши шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумруки кишварҳои узви шабакаҳои алоқаи минтақавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи CҶГ оид ба кишварҳои ИДМ RILO-Москваро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои ИДМ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ, хусусан дар самти табодули иттилоот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, яроқ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласа фаъолияти RILO-Москва дар нуҳ моҳи соли равон, дурнамои рушди он, фаъолияти кори шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумрукии давлатҳои узви RILO-Москва дар 9 моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардида, қарорҳои марбута қабул карда шуданд.












Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






