Дар Тоҷикистон Шоми фарҳангии Индонезия доир гардид

Октябрь 28, 2019 10:35

ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Шоми фарҳангии Индонезия» баргузор гардид. Тадбири мазкур бахшида ба 25 — умин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Тавре директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар «Шоми фарҳангии Индонезия» дар Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилзода баргузории ин барномаи сатҳи баландро ба муносибатҳои мутақобилан судманди беш аз ду даҳсола миёни Тоҷикистон ва Индонезия рабт дод. Дар идома зикр гардид, ки тадбири мазкур бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои муштараки тамаддунӣ ва фарҳангӣ доир карда шуда, минбаъд низ ташкили чунин чорабиниҳо ба нафъи мардумони ҳарду миллат хоҳад буд.

Дар тақвияти ин андешаҳо Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Прамоно густариш ёфтани муносибатҳои фарҳангии ду давлатро пуле барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия арзёбӣ кард. Дар ҳошияи суханрониҳо намояндаи Индонезия аз муносибатҳои олӣ миёни Тоҷикистон ва Индонезия, ки 25 сол мешавад барқарор аст, изҳори хушҳолӣ намуда, баргузории «Шоми фарҳангии Индонезия»-ро барои дӯстии бештари мардумони ҳарду давлат ва муаррифии таъриху фарҳанги миллатҳо иқдоми зарурӣ арзёбӣ кард.

Баъд аз суханрониҳо дастаи ҳунарии  машҳури Индонезия дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ як барномаи зебои фарҳангиро пешниҳоди дӯстдорони санъату ҳунари Индонезия дар Тоҷикистон гардонид.

Октябрь 28, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд