Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира»-и Давлати Қатар дар НБО «Роғун»

Октябрь 4, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳ бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира»-и Давлати Қатар мусоҳиба анҷом доданд.

Барои инъикоси руйдоди муҳиму таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» даҳҳо нафар хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷ ба Тоҷикистон омадаанд.

Зимни мусоҳибаи худ хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира»-и Давлати Қатар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суолҳо оид ба рушди иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон, аҳаммияти иншооти гидроэнергетикии азими «Роғун», дар бораи таъсири глобалии тағйирёбии иқлим, оқибатҳои манфии он ва тадбирҳои созандаи Тоҷикистон барои бартараф кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои ҷаҳонии обӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, нақши фаъоли кишвари мо дар ҳалли ин қазия, қабули қатъномаи СММ барои эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ҳолати имрӯзаву дурнамои ҳамкории минтақавии Тоҷикистон, посухҳои амиқ гирифт.

Қобили зикри хос аст, ки тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ба фаъолият оғоз кардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳ, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон бо мухбири «Ал-Ҷазира»

Президент: … Як ҷаҳон ташаккур! Хуш омадед ба Тоҷикистон. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол манбаъҳои нафту газ надорад. Ягона боигарии Тоҷикистон захираҳои гидроэнергетикӣ аст ва аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро мегирад. Захира ва имкониятҳои Тоҷикистон зиёда аз 580 миллиард квт соатро ташкил медиҳанд. Вақте Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлол ба даст овард, таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо нерӯи барқ мушкилӣ асосӣ буд. Солҳои аввал мо мардумро қариб, ки бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонистем. Иқтисодиёти Тоҷикистон низ мушкилиҳои зиёд дошт. Ба ин сабаб мо ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон рӯ овардем. Омӯзиши тарҳи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки мо ҳоло дар назди он қарор дорем, ҳанӯз аз замонҳои пеш, аз замони шӯравӣ оғоз гардида буд, аммо пасон солиён ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод.. Баъди ба даст овардани Истиқлолият мо аз нав ба омӯзиши ин тарҳ шурӯъ кардем ва оҳиста-оҳиста сохтмони онро сар кардем. Имрӯз мо ва шумо шоҳиди ба кор андохтани агрегати дуюми ин нерӯгоҳ ҳастем. Роғун чист? Умуман, соҳаи гидроэнергетика чист?

Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, нерӯи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷои 8-ум қарор дорад. Инчунин имрӯз аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои 6-ум қарор дорад.

Проблемаи глобалии ҷаҳони имрӯза ин проблемаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи табиат ба шумор меравад. (Масалан), чуноне коршиносони байналмилалӣ, институтҳои дахлдори СММ иброз доштанд, моҳи июли имсола аз моҳҳои гармтарини даҳсолаҳои охир будааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар дунё чи гуна сол то сол ҳодисаҳои нохуши марбут ба тағйирёбии иқлим сар мезананд. Аз ин рӯ, мо ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, яъне тавлиди энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда шурӯъ кардем. Мо рӯ овардем ба иқтисоди “сабз”. Ин на танҳо барои худи мо, балки барои кулли минтақа аҳаммияти бузург дорад. Ин нерӯгоҳҳое, ки мо сохта истодаем, барои тамоми минтақаҳои дуру наздик хизмат карда метавонанд.

Масалан, мо як лоиҳаи марбут ба нерӯгоҳҳоро бо номи CASA-1000 амалӣ карда истодаем, ки ҳадафи он сохтани хатти интиқоли барқи баландшиддат аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчунин дигар кишварҳои Осиё мебошад. Ин лоиҳае, ки мо амалӣ карда истодаем, аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад ва ҳаҷми маблағи татбиқи он 1 миллиарду 100 миллион доларро ташкил медиҳад. Яъне, агар мо ҳоло танҳо ба баъзе кишварҳои ҳамсоя интиқоли барқро ба роҳ монда бошем, аз соли 2021 мо ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷмҳои хеле калон барқи аз нигоҳи экологӣ тоза содирот мекунем. Аз ин нигоҳ, нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон  барои беҳтаршавии вазъи экологии минтақа хизмати бениҳоят бузург мекунанд. Аз тарафи дигар обанборҳои ин нерӯгоҳҳо дар солҳои камобӣ, хушксолӣ мардумро бо захираҳои зарурии оби ошомиданӣ таъмин карда, дар мавсими тобистон ба кишварҳои минтақа дар обёрии заминҳо мусоидат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, рушди гидроэнергетика ҳам барои мо ва ҳам барои кишварҳои минтақа, барои экология ва рушди иқтисодиёту саноат фоидаовар аст. Барои ҳамин мо лоиҳаҳои мазкурро амалӣ карда истодаем.

Мухбири “ал-Ҷазира”: — Ҷаноби Президент,  шумо як китоб навиштаед бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих”…   Саҳми арабҳо ё инвесторҳои араб дар эҳёи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Президент: — Аслан чандон қонеъкунанда нест. Мо  кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонем. Ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем. Ҷаҳони араб ба кишварҳои минтақа бояд ба таври кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Метавон гуфт, ки давраи сипаришуда дар муносибатҳои мо  марҳилаи омӯзишӣ буд. Аммо, аз нигоҳи мо, марҳилаи омӯзишӣ тӯлонӣ шуд. Аллакай 28 сол гузашт. Имрӯз ҳамкориҳои мо бо кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушд қарор доранд ва ҳоло дар сатҳи  қонеъкунанда қарор надоранд.   Мо барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ  ва ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаем. Чунки мо мардумони тоҷик ва ҷаҳони араб умумиятҳои хеле бо ҳам наздик ва зиёде дорем. Мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки  ба мамолики араб доштем, чӣ сафарҳои расмӣ ва чӣ сафарҳои корӣ, ҷиҳати ҳузури бештар фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Мисолҳо дар ин ҷода ҳастанд, лекин на он қадар зиёд. Ҳамкориҳои мо — бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои арабӣ, мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст.

Таваҷҷуҳи кишварҳои арабӣ ба минтақа, намедонам сабабаш чӣ бошад, чандон фаъол нест. Ҳол он ки мо таъриху тамаддуни муштарак дорем. Мо яке аз аввалин кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳастем, ки бо ташаббуси ин ҷониб, ки бисёриҳо дар он давра ба он зид буданд, аъзои Конфронси исломӣ шудем, зеро бо ҷаҳони ислом   хеле таърихи тӯлонӣ  дорем. Ман дар чандин баромадҳои худ борҳо он нуктаро  қайд кардаам, ки кишварҳои пешрафта ва аз лиҳози иқтидори иқтисодӣ бой имконият доранд, ки барои дастгирии кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом кӯмак кунанд. Ҳатто мисол ҳам овардам, ки агар даҳ фи сади он маблағҳое, ки дар бонкҳои кишварҳои абарқудрат ва пешрафта гузоштанд, онро ба як фонди мутамарказ дар базаи бонки исломӣ ва барои дастгириву кумак ба кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом, агар ба шарте сарфа кунанд, ин аз чанд лиҳоз ҳам ба манфиати кишварҳои арабӣ, ҳам барои муттаҳидӣ ва сарҷамъии уммати мусулмон мусоидат намуда, ҳамкориҳои байни кишварҳои мусулмонӣ   зиёд мешавад. Лекин афсӯс, ки ин чизҳо на он қадар шунида мешавад ва дастгирӣ карда мешавад. Ин боиси афсӯс аст.

Мухбири “ал-Ҷазира”: — Суоли дигари ман дар ин маврид чунин аст: Стратегияи Шумо ҷиҳати ба ҳадди аксар расонидани тавлиди нерӯи барқ ва  истифодабарии он дар саноат ва рушди Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Президент: Асосан он обе, ки дар ин обанборҳо ҷамъ мешаванд, барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мешаванд, мо кишвари кӯҳистонӣ ҳастем, наваду се фи сади Тоҷикистонро кӯҳҳои бениҳоят баланд ташкил медиҳанд ва мо замини зиёде барои обёрӣ надорем. Яъне, ин бисёр як манбаи иловагии обёрӣ барои кишварҳои поёноб дар фасли гармо ва дар солҳои хушксолӣ мебошад. Яъне, обро мо асосан барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мекунем ва дигараш ба кишварҳои поёноб меравад. Яъне онҳо обро барои рушди соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд.

Мухбири “ал-Ҷазира”: — Ҷаноби Олӣ, Тоҷикистон миёни Афғонистон ва инчунин Қирғизистону Ӯзбекистон воқеъ аст. Назари Шумо вобаста ба сулҳ ва гуфтушуниде, ки ҳоло байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон шуда истодааст ва ояндаи ин кишвар чӣ гуна аст?

Президент: Доир ба вазъи Афғонистон,  аз тамоми лиҳоз ин ақидаи мо, назари мо ҳаст, ки амнияту тинҷии Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама аз он вобаста аст — аз вазъ ва   авзои Афғонистон. Барои ҳамин ҳам аз рӯзи аввали замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон мо дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ  дода истодаем, ки вазъи Афғонистон ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл карда шавад.  Дар ин   кишвар зиёда аз чил сол мешавад, ки ин гуна муноқишаҳои дохилӣ идома доранд. Вазъи имрӯза дар Афғонистон хеле мураккаб аст. Мо дида истодаем, ки бинобар амалкардҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, қариб ҳар ҳафтае, ҳар моҳе як-ду ҳодисаи бениҳоят мудҳиши террористӣ рӯй медиҳад, Ва мо чандин маротиба иброз ҳам доштем, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон танҳо роҳи низомӣ надорад. Бинем, ки ин қадар солҳои тӯлонӣ ҷанг дар Афғонистон идома дорад. Аз ин лиҳоз роҳҳои дигари ҳалли қазияи Афғонистон, ки вуҷуд доранд, аз ҷумла гуфтушунид, бояд мавқеи калидӣ дошта бошанд. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки қазияи Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ҳаллу фасл карда шавад. Ва ақидаи ман ин аст, ки тақдири Афғонистон бояд дар дасти худи халқи Афғонистон бошад. Худи мардуми Афғонистон бояд тақдири худро ба даст гирад ва ояндаи худро муайян кунад. Умуман, вазъи Афғонистон барои чӣ ин қадар солҳои тӯлонӣ ногувор аст? Дар ин ҷо танҳо афғонҳо гунаҳгор нестанд. Бадбахтии асосӣ дахолат ба корҳои Афғонистон аз берун аст. Барои ҳамин ҳам ана ҳамин авзоъ то имрӯз идома дорад ва пагоҳ чӣ мешавад касе пешгӯӣ карда наметавонад. Лекин мо ҳамчун як кишваре, ки бо Афғонистон  бениҳоят марзи тӯлонӣ дорем ҷонибдори тамоми кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукумати Афғонистон доир ба роҳандозии музокирот ва бо таври гуфтушунид ҳаллу фасл намудани қазияи Афғонистон ҳастем.

Он раванди гуфтушунидҳое, ки байни Толибон ва байни Амрико сурат гирифтанд, мо, фикр мекунем, ки хуб мешуд, агар дар ин раванд Ҳукумати Афғонистон фаъолтар ширкат намояд. Чунки ин Ҳукуматро мардум интихоб кардааст. Дуюмаш ба ин раванд бояд ҳамсоякишварҳои Афғонистон  низ ҷалб карда шаванд. Кӯшишҳое, ки то имрӯз ба харҷ дода шудаанд, ман фикр мекунам,  як қадам ба сӯи сулҳу оромӣ мебошанд. Ба ҳар ҳол мо ҳамаҷониба тарафдори раванди  сулҳофарӣ дар ин кишвар ҳастем, лекин бар онем, ки ҳар ифоқае ва ҳар шартномае, ки дар ин раванд ба даст меояд ва ба имзо мерасад, бояд кафолати иҷроиши амалиашро дошта бошад. Албатта ин ҳама яку якбора мавриди иҷрои амалӣ намегардад. Раванди сулҳ бисёр мураккаб аст ва ман ин нуктаро аз таърихи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегуям. Таҷрибаи раванди сулҳи тоҷиконро бояд меомӯхтанд, чунки қазияи Афғонистон бо он ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо буд, бисёр ҳам монанд ва қариб тавъам аст. Мо ҷиҳати кумаку мусоидат ба мардуми Афғонистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя дар замони истиқлолият  кушишҳои зиёд ба харч дода истодаем ва боварии комил дорам ки он рӯз дур нест, ки сулҳу амонӣ дар ин кишвари ҳамсоя пойдор мегардад.

Мухбири “ал-Ҷазира”: — Ҷаноби Президент мехостам оид ба он ташаббусҳое, ки ба СММ вобаста ба масъалаҳои об ва истифодаи ҳадди аксари оқилонаи дарёҳои бузурги Тоҷикистон бар манфиати умум пешниҳод кардаед, назари худро ба мо баён кунед.

Президент: Бале, мо аз лиҳози захираҳои об, махсусан оби ошомиданӣ, яке аз ҷойҳои  аввалро ишғол мекунем. Ҳатто беш аз шаст фисади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар дохили Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ҳоло дар худуди Тоҷикистон беш аз дувоздаҳ ҳазор пирях вуҷуд дорад. Мушкилоти об,  махсусан оби ошомиданӣ, ба омузиши ман ва таҳлилҳое, ки мо дорем, имрӯз ва дар оянда проблемаи ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо дар ҳамкорӣ бо дигар шарикон дар СММ чор маротиба бо ташаббус баромад кардем ва ҳоло ташаббуси чоруми мо — Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” амалӣ гашта истодааст. Мақсад аз ин ташаббусҳои мо дар он аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз ин проблемаи глобалӣ ҳушдор диҳем,  яъне сари он мавзӯъ қарор гирем, ки дар маҷмӯъ чӣ кор карданамон даркор аст, то дар ҳамкорӣ роҳҳои ҳаломези масъалаҳои об пайдо карда шаванд. Мушкилоти кишварҳое ки оби ошомиданӣ  надоранд ё ин ки захираҳои оби коррезӣ ба онҳо камӣ мекунад, ҳаллу фасл карда шаванд. Маҳз аз ин лиҳоз, ман фикр мекунам, ин ташаббуси мо аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ бо иттифоқи оро ва қабули катъномаи Маҷмаи умумии СММ пазироӣ гардид ва ҳоло амалӣ гашта истодааст. Ҳамин буд, ки бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ин ҷода бисёр фаъолона дастгирӣ менамояд. Дар робита ба амалӣ гардидани ин ташаббуси худ мо ҳадафи дигаре, аз ҷумла ягон ҳадафи сиёсие надорем. Мо мехоҳем ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин проблемаи глобалӣ бо назари нек, он чи ки дар асл ин проблема вуҷуд дорад, мавқеъгирӣ намояд. Баъзан кишварҳое ҳастанд, ки хело мушкилиҳои сангини обӣ доранд. Ба онҳо бояд кумак кард, онҳоро бояд дастгирӣ кунем, то ин проблемаҳоро аз садди роҳи мардум  бартараф намоем.

Дар хотима ман шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омадед мегӯям, ҳар вақте ки имконият доред, шумо метавонед ба Тоҷикистон сафар намоед аз гушаҳою манзараҳои зебои мо дидан намоед, на ин ки  дар вақти кушодашавии ягон иншоот. Аз пиряхҳои Тоҷикистон метавонед дидан кунед, аз зебогиҳои қисматҳои Бадахшон, аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз набототи он метавонед дидан кунед. Тоҷикистон кишвари на он қадар бузург бошад ҳам, вале аз захираҳои табиӣ кишвари бой аст. Тоҷикистон на танҳо об, балки  дигар захираҳои табиию минералии бисёр ғанӣ, ба истиснои нафту газ,  дорад.

Мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал - ҷазира”-и Давлати Қатар дар НБО “Роғун” 04.10.2019

Октябрь 4, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд