Ғолибони Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гардиданд

Октябрь 7, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,   аз 2 то 5 октябр  дар  Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​  Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон дар сатҳи баланду  хотирмон баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,    дар ин мусобиқаи муҳташам беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90, -100 ва +100 кг баргузор шуданд. Дар даври ниҳоии вазни -90 кг ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов вориди майдони рақобат шуданд, ки дар натиҷа Комроншоҳи Устопириён пирӯз шуда, сазовори медали тилло гардид.

Ҷои дуюм ва медали нуқра насиби варзишгари дигар тоҷик Саидҷамол Алимардонов шуд.

Медалҳои биринҷии ин вазнро Темур Маҳмадов аз Тоҷикистон ва Достон Малиев аз Ӯзбекистон ба даст оварданд.

Ба даври ниҳоии вазни то 100 кг ду варзишгари шинохтаи  ӯзбекистонӣ – Соҳиб Қурбонов ва Акмалмурод Худойбердиев роҳ ёфтанд, ки дар охир дар ин вазн Соҳиб Қурбонов ғолиб омада, соҳиби нишони тиллои ин мусобиқа гардид.

Медали нуқраи ин вазн ба Акмалмурод Худойбердиев дода шуд.

Медалҳои биринҷиро паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев ва Фарёд Шайхов ба даст оварданд.

Дар вазни +100 кг дар вохӯрии ниҳоӣ паҳлавони шинохтаи тоҷик, ғолиби чандин мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ Шакармамад Мирмамадов бар ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Хайдок Тураев ғолиб баромада, чемпиони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид.

Варзишгари ӯзбек Хайдок Тураев соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардид.

Нишонҳои биринҷиро дар ин вазн Одил Сафаров ва Нурулло Неъматов соҳиб шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки ғолибони ҷои якум бо 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм бо 5 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм бо 2,6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

-66кг

  1. Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
  2. Ёқубчон Боқиев (Тоҷикистон)
  3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
  4. Ориф Додов (Тоҷикистон)

-73кг

  1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
  2. Комронбек Олтибоев (Ӯзбекистон)
  3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
  4. Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)

 -90кг

  1. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)
  2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
  3. Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)
  4. Достон Малиев   (Ӯзбекистон)

-100 кг

  1. 1. Соҳиб Қурбонов (Ӯзбекистон)
  2. Акмалмурод Худойбердиев (Ӯзбекистон)
  3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
  4. Фарёд Шайхов (Тоҷикистон)

+100 кг 

  1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
  2. Хайдок Тураев (Ӯзбекистон)
  3. Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)
  4. Одил Сафаров (Тоҷикистон)

Ёдовар  мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат мизбони мусобиқа буданд. 5 соли аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои мутлақ сурат мегирифт, вале соли дуюм аст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир гардид.

5 октябри соли гузашта дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе  шашумин   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон   баргузор шуда буд.  Дар ин мусобиқа паҳлавонон  барои соҳиб шудан ба  Ҷоми Президенти Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд. Мусобиқаи мазкур бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардон доир гардид.

Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Қирғизистон,  Туркманистон дар ҳайати калон ширкат ва байни ҳам рақобат карданд.  Ҳамин тариқ дар  вазнҳои  -60-66-  ва – 90 паҳлавонони ӯзбекистонӣ, дар вазни- 73  кг варзишгари  тоҷик Фарҳод Раҳматуллобеков, дар вазни -81 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов,  дар вазни  -100 кг  варзишгари шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов  ва  дар вазни  + 100 кг варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов  сазовори медали тилло ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо гардиданд.  

Бояд  гуфт, ки  мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни  то  81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ  гӯштингири  тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ  барои  Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар  аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Ӯзбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон бори аввал аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки  5 октябри  соли 2017  дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида буд. Дар  мусобиқаи мазкур  паҳлавонон  аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг  байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов,  Акмалиддин Муродов,  Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ  карданд

Аз  байни ин  варзишгарони   маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ғолиб шаванд.

Хотиррасон  менамоем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик  Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг  бар ҳамаи рақибонашон ғолиб  омада,  ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар даври финалии мусобиқаи байналмилалӣ Саидҷалол Саидов ва  Комроншоҳи Устопириён  байни ҳам рақобат намуданд. Саидҷалол Саидов Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб намуда, ғолиби панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Комроншоҳ сазовори зинаи дуюм ва  паҳлавони дигари тоҷик  Саидҷамол Алимардонов ва  варзишгари Қирғизистон  Шаҳриёр Идрисов ду ҷойи   сеюмро ба даст оварда  буданд.

Октябрь 7, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали футбол барои шахсони маъюб гузаронида шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин иштирок менамоянд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд