Омодагӣ ба зимистон. Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» дар фасли сармо аҳолии мамлакатро бо барқ таъмин менамоянд
НОРАК, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ва дар ин давра таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша гузаронида истодаанд. То имрӯз мутахассисони неругоҳ гидроагрегатҳои рақами 6,7-ро таъмири пурра ва агрегатҳои рақами 1,2,3,4,5,7,8,9-ро таъмири ҷорӣ ва миёна намудаанд. Ин гидроагрегатҳо ба истеҳсоли қувваи барқи хушсифат дар фасли зимистон омода мебошанд.
Тибқи иттилои сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғани Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражи №1-2 ва аз ҳавзи сойро иҷро намудаанд.
То имрӯз дар асоси нақшаи таъмири НБО-и «Норак» дар таҷҳизоти асосӣ зиёда аз 85 таъмир ва дар таҷҳизоти ёрирасон зиёда аз 238 таъмири ҷорӣ ва миёна гузаронида шудааст. Ҳоло чунин таъмирҳо мувофиқи нақша идома доранд.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин Ятимов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардиданд.
Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ 30 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Сармуҳандиси НБО-и «Бойғозӣ» Ҷамшед Маҳмадхонов иброз дошт, ки дар асоси нақшаи таъмири генераторҳои неругоҳ генератори рақами 1 ва 2 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Айни замон таъмири ҷории агрегати рақами 4 идома дошта, дар охири моҳи октиябр ва моҳи ноябри соли равон таъмири асосии генератори рақами 3 ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои мутахассисон, оби обанбор дар неругоҳҳои мазкур айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дорад.
Дар асоси гуфтаҳои мутахассисони неругоҳҳои мазкур дар нуҳ моҳи соли 2019 Неругоҳи барқи обии «Норак» 8 миллиарду 878 миллиону 466 ҳазору 600 кВт соат ва Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» 1 миллиарду 645 миллиону 902 ҳазору 300 кВт соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.
НБО-и «Норак» аз оғози фаъолияташ то имрӯз 455 миллиарду 265 миллиону 594 ҳазору 330 кВт соат энергияи барқ истеҳсол кардааст.









Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
14 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд
Дар Душанбе роҳбарони сохторҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Эрон мулоқот анҷом доданд
Дар форуми «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025». Имконоту иқтидори иқтисодию сармоягузории калонтарин минтақаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Фархор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Дар Суғд вобаста ба таъмини дурнамои зироати кишоварзӣ машварат баргузор шуд
Дар Сеул лоиҳаи сохтмони маҷмааи «IT Hub Dushanbe» баррасӣ гардид
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид






