Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
23 ноябри соли 2019 Ҳамватанони азиз! Бо камоли ифтихор тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.