«Чарогоҳҳоро аз «фермер»-ҳои бечорво бояд гирифт. Он гоҳ шояд гӯшт арзон шавад», «Шаҳритуз. Айб дар ош аст ё мош?»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Ноябрь 1, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (30.10.2019, №204)   таҳти сарлавҳаи  «Шаҳритуз. Айб дар ош аст ё мош?»  мақолаи танқидии  мухбири рӯзнома  Меҳрангез Қодирова ба   нашр  расидааст. Муаллиф нигоштааст, ки бори аввал аст, ки ба  ноҳияи Шаҳритуз рафтааст ва наметавонист  аз бозори марказии он дидан накунад. Мухбир ҳолати бозорро чунин  ба тасвир додааст: «Фурӯшандаҳо аз тангии бозор  ё барор гирифтани савдои кӯчагӣ қариб то роҳи мошингузар хайма задаанд. Ҳайрон  мемонӣ, ки ин роҳ аст ё растаи савдогарон. Аробаҳои пур аз тарбузаву харбуза, либосҳои рӯи хок паҳнкарда, сатилҳои бесарпӯши чаккаю маскаи зери офтоби сӯзону чангу хок гузошта, онсӯтар меваю сабзавот, кулчақанду шириниҳо, пойафзолу ашёи рӯзгор паҳну парешонанд».

«Ва ҳамаи ин нуқсонҳо ҳанӯз «аз нӯги хамир фатир»-анд. Роҳбарону масъулони ноҳия дар ин бора чӣ мегуфта бошанд?», — бо чунин савол ба масъулин муроҷиат намудааст рӯзноманигор дар  фарҷоми ин  матлаб.

Дар  ин шумораи рӯзнома ҳамчунин мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих — асари арзишманди Пешвои миллат»,   «Тафаккури хурофотӣ-иллати ақибмондагӣ»,  «ВМКБ.Чаро имкониятҳои зиёди содирот истифода намешаванд?»,  «Шолипарварӣ. Чӣ гуна ҳосили баланд гирем?», «Маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ»,   «Саноатикунонӣ. Ҳадафе, ки ояндаро месозад»  ва ғайраҳо, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, рӯи чоп омадаанд.

Дар  шумораи навбатии Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№129-130 аз 29.10.2019)   гузориши мукаммал аз  ҷараёни  Иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки    25 октябр   таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  ба нашр расидааст.

«Садои мардум» ҳамчунин дар ин шуморааш мақолаҳои таҳлилиро  бо номҳои «Чарогоҳҳоро аз «фермер»-ҳои бечорво бояд гирифт. Он гоҳ шояд гӯшт арзон  шавад», «Чаро ҷавз –беҳтарин навъи ангур камёфт шуд?»  нашр  намудааст.

Муаллифони  мақолаи  «Чарогоҳҳоро аз «фермер»-ҳои бечорво бояд гирифт. Он гоҳ шояд гӯшт арзон  шавад» — Абдухолиқ Мирзозода ва  Нурулло Ҳасанов, аз ҷумла нигоштаанд: «Чарогоҳ манбаи асосии истеҳсоли гӯшт маҳсуб мешавад. Чӣ бояд кард, ки онҳоро чун пештара самаранок истифода барем? Ба андешаи мо, пеш аз ҳама, чарогоҳро аз фермерҳои бечорво бозпас гирифтан лозим аст. Нигоҳубин, беҳдошт, серғизо гардонидани чарогоҳро, ки боиси афзуншавии саршумори чорво ва бо маҳсулоти тозаи экологӣ таъмин кардани аҳолӣ мебошад, ба роҳ бояд монд. Ин боиси таъмин кардани чорводорони асил бо чарогоҳ ва арзон шудани маҳсулоти гӯштию ширӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, афзоиши саршумори чорво ба бунёди корхонаҳои коркарди гӯшт, шир, чармгарӣ, ресандагӣ замина гузошта, ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, дар маҷмӯъ, ба арзон ва фаровон шудани гӯшт мусоидат мекунад».

Ин матлаб бо чунин муроҷиати рӯзноманигорон анҷом пазируфтааст: «Дар маҷмӯъ, роҳи асосии поён бурдани арзиши гӯшт истифодаи мақсадноки чарогоҳ маҳсуб мешавад. Дар акси ҳол нархи маҳсулоти гӯштӣ аз ин ҳам боло меравад. Дар ин хусус Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ назар доранд?».

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  (30.10.2019, №45)  хабарҳои муфассал доир ба иштироки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»  мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри  Душанбе сурат гирифтанд,  рӯи чоп омадаанд.

Нашрия ба хонандагон инчунин  маводро бо номи  — «НАТ по праву признан экстремистической организатцией», «Уровень образования зависит от профессионализма учителя», «Народно –хозяственное значение шиповника» пешниҳод кардааст.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№44 аз 30 октябри соли 2019)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Аз варақи сафед сар карда будем», «Саноатикунонӣ — омили муҳими рушди иқтисодӣ», «Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?»,  «Эссе ба Конститутсия ва омилҳои печидагиҳои буҳрони ҳуқуқии олам», «В-ар бипурсӣ, ки дар ин кор чӣ тадбир бувад?», «Сайёраи замин дар рӯйёрӯӣ бо мушкилоти глобалӣ», «Омили рушди соҳаи саноат», «Муҳити адабӣ, камоли ҳунарӣ ва рисолати нависандагӣ», «Ҳоҷӣ Юсуф –офарандаи  глобуси тоҷик», «Истеъмоли дору кадом вақт барои фишор беҳтар аст?», «Ғизои солим   ва ғайраҳо.

«Муҳити адабӣ, камоли ҳунарӣ ва рисолати нависандагӣ»- ин мақола ба қалами профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар тааллуқ дошта, нигоҳе ба масири зиндагии нависандаи зиндаёд Баҳром Фирӯз мебошад. Дар мақолаи мазкур, аз ҷумла омадааст: «Устод Баҳром Фирӯз дар мусоҳибае перомуни тамоюлҳои насри  имрӯз изҳори назар намуда, таъкид  менамояд, ки рисолати насри муосир бузургу вусъатнок аст. Насри имрӯз мебояд ҳақиқати рӯзгорро, асбоби савобу носавоб, некиву зиштӣ, рӯшноию тирагӣ ва ҳаёту мамотро шарҳу  баён диҳад».

Шумораи  навбатии  нашрияи «Мароми  пойтахт» (№40, 30.10.2019) бо чопи гузориши мукаммал  аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони Федератсияи  Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  шурӯъ мешавад. Дар ин шумора ҳамчунин хабару  гузоришҳо аз маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва конфренсияҳои ҳисоботии кумитаву ташкилоти ҳизбӣ  рӯи чоп омадаанд.

«Ҳар ки дорад авф, соҳибдавлатест…» — маводи дигари ин шумораи «Мароми пойтахт» аст, ки хабарнигори нашрия дар ҳошияи аз ҷониби  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ибрози  андеша намудааст.

Дар саҳифаҳои дигари ҳафтанома  хабарнигорони нашрияи «Мароми пойтахт» ба масъалаҳои   муҳими ҷомеа  дахолат карда,  барои ба вуҷуд овардани афкори омма онҳоро пешниҳоди хонандагон  гардонидаанд. Гузориш таҳти сарлавҳаи   «Як рӯз бо сарбозон» аз ҷумлаи ин мақолаҳост, ки  аз ҳаёти сарбозони қисмҳои  низомии  мамлакат қисса мекунад.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

 

Ноябрь 1, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид