Дар Тоҷикистон даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» оғоз гардид

Ноябрь 8, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ», ки гузаришро аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли  2020 расман  мавриди истифода қарор дода мешавад.

Тоҷикистон дар самти рушди Ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ қадамҳои муассир гузошта, тадбирҳои  саривақтӣ  ва мушаххас меандешад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо иштироки роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату  идораҳои марбута, соҳибкорон  ва шарикони  рушд   муаррифӣ  ва роҳандозӣ гардид.

Сардори  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни  тавзеҳи ҳадаф, вазифа ва асосҳои  фаъолияти низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гуфт, ки даври пилотии низоми мазкур  дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати  суръат  бахшидани раванди   ҷорӣ намудани  технологияҳои муосири  иттиллоотӣ  дар фаъолияти мақомоти  гумрук, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ махсус баён намуда буданд, роҳандозӣ гардид.

Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар доираи  лоиҳаи «Ҳамкории  минтақавии  иқтисодии  Осиёи Марказӣ оид  ба беҳтар намудани  хизматрасониҳои наздисарҳадӣ»  аз ҷониби ширкати  барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон   омода гардида,  тибқи он  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо  ба иштирокчиёни  фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд.  Хуршед Каримзода афзуд, ки низоми «Равзанаи ягона» ба иштирокчиёни  фаъолияти   иқтисоди хориҷӣ имкон медиҳад, ки  ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро, ки барои иҷрои  талаботи танзимкунанда ҷиҳати пешбурди фаъолияти содиротию воридотӣ ва транзитӣ талаб карда мешаванд, дар як нукта дар шакли ягона  тавассути низоми  иттилоотӣ-коммуникатсионӣ пешниҳод намояд. Дар асоси  маълумоти гирифташуда, мақомоти  давлатӣ барои  додан ё рад намудани ҳуҷҷати  иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо қарор  мебароранд. Гуфта шуд, ки низоми «Равзанаи ягона» барои содагардонӣ  ва суръатбахшии  иҷрои расмиёти  маъмурӣ вобаста ба амалиёти содиротию  воридотӣ ва транзитӣ   таъсис дода шудааст. Ҷорӣ намудани низоми пилотии «Равзанаи ягона» имкон медиҳад, ки муҳлати баррасӣ, мувофиқакунонӣ ва додани ҳуҷҷатҳо, инчунин теъдоди ҳуҷҷатҳои  дархостшаванда аз ҷониби  мақомоти давлатӣ  кам карда шавад. Инчунин  ҳуҷҷатҳо аз як идора ба идораи дигар   дар зарфи якчанд дақиқа  интиқол дода мешаванд. Ҳамзамон вақт  ва хароҷот сарфа гардида, арзиши амалиёт барои хизматрасониҳо коҳиш меёбад.

Таъкид гардид, ки   шарти ҳатмии татбиқи  низоми «Равзанаи ягона» ташкили маркази дастгирии техникӣ ва истифодаи он  буда,  ба ҳайси чунин хадамот  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян гардидааст. Раванди ҷорӣ намудани  низоми иттилоотӣ-коммуникатсионии «Равзанаи ягона» аз ҷониби ин ташкилот  дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ- Агентии «Тоҷикстандарт»,  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Хадамоти алоқа,  Хадамоти назорати  давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати  молияи ҷумҳурӣ  ва дигар  сохторҳои танзимкунандаи  ғайритарифии савдои беруна сурат мегирад. Барои  хизматрасонӣ  ба иштирокчиёни   фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» тавассути интернет дастрасӣ ё малакаи истифодаи онро надоранд, дар минтақаҳои мамлакат бахшҳои КВД «Маркази Равзанаи ягона» таъсис дода шудаанд. Инчунин бо дастгирии   молиявии Комиссияи  Аврупо ва Бонки осиёии рушд /БОР/  ҷиҳати хариду насби таъминоти барномавӣ, телекоммуникатсионӣ  барои КВД «Маркази  Равзанаи ягона» ва мақомоти марбутаи давлатӣ  як зумра тадбирҳо амалӣ гардидаанд.

Дар маросими муаррифӣ ва ҷорӣ намудани даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи  барасмиятдарории  амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муовини аввали Вазири  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода,  соҳибкорон  ва намояндагони ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон   доир ба бартариятҳои низоми мазкур сухан карданд.

Зикр шуд, ки роҳандозии даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи  барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» ба рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ  мусоидат намуда, барои  иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ сабукиҳо фароҳам меорад.

                                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» 3 тонна қаланфури булғорӣ ба фурӯш баровард
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 4 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 30 миллиард сомониро ташкил додааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 4 ҳазор мерасад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид
«AI CONF». Дар доираи конфронси байналмилалӣ намоишгоҳи иноватсионӣ баргузор гардид
Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷаласа доир шуд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
Даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниҳои ин соҳаро фаро гирифт