Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод 15 ҳазору 295 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд
ТОҶИКОБОД, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод имсол аз майдони 665 гектар 15 ҳазору 295 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 347 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора иқтисодчии шуъбаи кишоварзии ноҳия Наҷмиддин Аброров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия гуфтанд, ки соли 2019 картошкаи тухмии навъҳои «Пикасо», «Тоҷикистон», «Кардинал», «Кондра» ва «Удача» то 236 сентнерӣ ҳосил доданд. Барои мисол, хоҷагии деҳқонии коллективии «Боқӣ Раҳимзода» аз майдони 60 гектар ба миқдори 1416 тонна картошка рӯёниданд.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Тоҷикобод то 20 ноябр дар майдони 433 гектар кишти зироати ғалладонагии тирамоҳӣ гузарониданд. Онҳо барои рӯёнидани ҳосили баланди зироати баҳорӣ дар 704 гектар замини корам шудгори тирамоҳӣ гузарониданд.
Ҳамчунин дар ноҳия барои гузаронидани кишт дар фасли баҳори соли оянда 1276 тонна картошкаи тухмӣ ва 175 тонна ғалладонаи тухмӣ захира шудааст.
Тибқи иттилои мутахассисони кишоварзии ноҳия, мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ барои деҳқонон- ин набудани тухмиҳои хушсифат, корхонаҳои хурд барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нарасидани комбайни ғалладарав, гарон будани нуриҳои менералӣ, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаҳо ба ҳисоб меравад. Дар сурати сари вақт бартараф накардани ин мушкилот он ба рушди кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






