Парчами давлатӣ – таҷассуми ваҳдату ягонагӣ ва нангу номуси ватандорӣ

Ноябрь 23, 2019 11:41

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як давлат дорои рамз ва нишонаҳои давлатии ба худ хос мебошад ва онҳо ифодакунандаи мустақилияту соҳибихтиёрӣ ва баёнгари арзишҳои фарҳангӣ буда, таърихи миллати ин ё он давлатро инъикос менамоянд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифии давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд. Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирўз САЙНОЗИМЗОДА дар робита ба арзишҳои давлативу миллии Парчам ба мухбири АМИТ «Ховар» Бекназари АБӮБАКР андешаҳояшро чунин иброз дошт:

— Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурат ба қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи мамлакат (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7 сентябри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Дар баробари ин, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Алалхусус, моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ бахшида шуда, тибқи он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи мамлакатро ба муқаррароти он тақозо намуд. Аз ин лиҳоз, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24 ноябри соли 1992), «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 декабри соли 1993) ва «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (7 сентябри соли 1994) аз эътибор соқит дониста шуда, муқаррароти онҳо дар бобҳои алоҳидаи қонуни нав – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 майи соли 2007) муқаррар карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби тайёр кардан, тасвир, афрохтан, ҷойгир намудани Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, инчунин тартиби иҷрои Суруди миллӣ ва мавридҳои иҷрои онро муқаррар намудааст.

Арҷгузорӣ ва эҳтироми волои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу ватандории ҳар як фарзанди баору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари соҳибистиқлолӣ, ягонагиву сарҷамъӣ, сарфарозиву сарбаландӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ, таҷассуми нангу номус ва ғурури миллӣ, ҳамчунин баёнгари орзуву ормонҳои мардуми куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни халқи Тоҷикистон мебошанд.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои муқаддасу арзишманд танҳо дар ҷойҳои махсусе ҷойгир, афрохта ё садо дода мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудааст.

Мувофиқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, афрохта мешавад.

Дар баробари Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он ҷойҳое, ки моддаи 5-уми Қонуни зикргардида муқаррар намудааст, ҷойгир карда мешавад. Инчунин Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиносномаю шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ дода мешаванд, сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷойҳое, ки боби 3-юми Қонуни мазкур муқаррар кардааст, ҷой дода мешавад.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матн ва оҳанг иборат буда, ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани он бо арҷгузориву эҳтиром ба ин ифтихори милливу давлатдорӣ ҳозирон аз ҷой бармехезанд.

Мутобиқи моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурўи вазифа, дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд, ҳамарўза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд, инчунин ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд ва дигар мавридҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, иҷро карда мешавад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузориву эҳтиром ва эҳсоси муҳаббату садоқат нисбат ба рамзҳои давлатӣ, ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ рўзҳои 25 ва 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Нишони давлатӣ дар баландии 45 метр ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр ҷойгир гардиданд. Ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин Парчам дар ҷаҳон дар Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Қадрдониву эҳтироми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихор аз гузаштаву имрўзаву фардои халқи куҳанбунёдамон аз омилҳои муҳими хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳисси ифтихор аз ин рамзҳои муқаддас бояд дар замири ҳар фарди ватандўсту ватанпарасти давлати азизамон ҳамеша ҷой дошта бошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ифодагари соҳбихтиёрии давлат ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

24 ноябри соли ҷорӣ 27-умин солгарди Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарафрозӣ ҷашн мегирем. Мавриди ёдоварист, ки ҳанўз 3 ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»-ро 11 ноябри соли 2009 бо тарафдории тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард ва он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон сол дар саросари Ватани маҳбубамон Рўзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки ин ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарзанди ватанпарасту миллатдўсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон буда, баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, таҷассуми ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги мо мебошад.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии сиёсии шаҳрвандон тавассути арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар ин замина шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо намуданд бо сарфарозиву сарбаландӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории худ Парчами давлатии мамлакатро истифода намоянд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизамон ҳамеша парафшон монад ва мардуми бонангу номуси моро ба фардои нек ҳидоят ва раҳнамоӣ намояд.

Ноябрь 23, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд