Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэ Юйчэн баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои иштироки ҳамаҷонибаи стратегии ду давлатро дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.
Сафири Тоҷикистон ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин ҳамчунин оид ба ҳамкории ду давлат дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд. Мусоҳибон зикр намуданд, ки миёни Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ гуфтугӯи доимии сиёсӣ барқарор гардидааст, ки зимни баррасии бисёре аз масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар рӯзномаи СММ, СҲШ ва МҲТБО мавҷуданд, мавқеи кишварҳои мо бо ҳам мутобиқ ва ё наздик мебошад.
Дар поёни мулоқот бори дигар алоқамандии ҷонибҳо ба таҳкиму густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд ва иштироки стратегии ду давлати дӯсту ҳамсоя баён гардид.
Акс: ВКХ ҶТ








Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Таом ва хӯришҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи хайриявии Бишкек таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд
Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд






