Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз сӯҳбати телефонӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев доир гардид. Ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва