Дар Душанбе Намоишгоҳи зимистонаи молҳои ҳунарҳои мардумӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 9.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи зимистонаи молҳои ҳунарҳои мардумӣ анҷом пазируфт.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 7-8 декабр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи зимистонаи молҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, намояндагони сафоратҳо дар Тоҷикистон, сайёҳон ва дигар шахсони масъули вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов иброз намуд, ки дар намоиши мазкур ҳунармандоне, ки ба кордсозӣ, мисгарӣ, чакандӯзӣ, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ, табақтарошӣ ва дар маҷмуъ равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, маҳсули дасташонро ба маъраз гузоштанд. Инчунин ҳунармандон аз давлатҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ин намоиш ҳунари дасти худро ба ҳамагон пешкаш намуданд.
«Рушди сайёҳиро бе равнақи ҳунармандӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар якчоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ намоишгоҳи зимистона баргузор намоем»,-гуфт М. Муҳаббатов.
Мавсуф афзуд, ки ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва фурӯши он, муаррифии анъанаҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат арзёбӣ мегардад.
Гӯшаи Ӯзбекистонро чун ҳамешагӣ намунаҳои адрасу атласҳо, тоқиву либосҳои миллӣ ва армуғонҳо ташкил доданд. Ҳунармандони ӯзбек куртаҳо, рӯймолҳо ва тоқиҳоеро, ки бо ранги табиӣ гулкорӣ карда шудаанд, ба намоиш гузошта буданд. Ҳунарманд Хадича Раҳимбердиева аз Сурхондарё ба ташкилкунандагони ин намоиш изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки мақсади аслӣ- ин мустаҳкам намудани робитаи ҳунармандони тоҷику ӯзбек мебошад.
Ҳунармандон аз давлати Афғонистон зимни намоиш зикр намуданд, ки пешравиҳо дар Тоҷикистон хосатан дар самти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ баръало дида мешаванд. Ҳунарманд Парвиз Раҷабӣ, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар намоишгоҳи мазкур иштирок дошт, гуфт: “Ҳунар сарҳад надорад ва мо имкон пайдо кардем, ки маҳсули дасти худро, ки ҷузвдонҳо аз чарми тоза ва ороишот аз санги лоҷувард аст, дар намоишгоҳҳои ҳунармандии Тоҷикистони ҳамсоя ба маъраз гузорем. Барои мо иштирок дар чунин намоишҳо хеле писанд аст”.
Сабадбоф Мадина Асоева аз шаҳри Ваҳдат гуфт, ки тӯли чанд сол аст ин ҳунарашро бо ҳамроҳии модар ва апааш анҷом медод, вале баъд аз даргузашти модараш худаш танҳо ин касбро пеш барда истодааст. Аслан бо дархости зиёди мизоҷон ӯ сабадро дар хона омода мекунад, ки бофтанаш 10-15 дақиқа вақт мегирад. Мадина иброз намуд, ки “солҳои пеш фақат хориҷиён сабад харидорӣ менамуданд, вале баробари он ки Пешвои миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, дар дили мардум меҳри ҳунарҳои халқӣ ҷо шуда, айни ҳол харидорони сабад хеле зиёд гардиданд”.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин намоиш бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.























Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад






