Соли 2019 шумораи сафарҳои сайёҳӣ аз Россия ба Тоҷикистон 13 фоиз зиёд шудааст

Декабрь 11, 2019 15:08

ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 теъдоди сафарҳои сайёҳӣ  аз   Россия ба Тоҷикистон 13 фоиз зиёд гардид. Дар ин бора сомонаи сайёҳии «ТурСтат», ки раддабандии кишварҳоро аз рӯи маъруфият дар байни сайёҳони россиягӣ соли равон пешниҳод намудааст, хабар медиҳад.

«Теъдоди сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Россия 13 фоиз афзуда, дар нуҳ моҳи соли 2019 тақрибан ба 92 ҳазор расид. Тоҷикистон аз рӯи сафарҳои сайёҳӣ дар Россия ҷойи 42-юмро ишғол менамояд», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Туркия, Финляндия ва Қазоқистон дар ин рӯйхат ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.

Туркия бо 5 миллиону  675 ҳазор сафари сайёҳӣ, Абхазистон (3 миллиону 855 ҳазор),  Финляндия (2 миллиону 695 ҳазор),  Қазоқистон (2 миллиону 471 ҳазор), Украина (1 миллиону 857 ҳазор),  Чин (1 миллиону 712 ҳазор),  Эстония (1 миллиону 348 ҳазор),  Италия (1  миллиону 12 ҳазор),  Гурҷистон (990 ҳазор) ва Германия (977 ҳазор) дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳое қарор доранд, ки сайёҳони Россия аз рӯи натиҷаҳои нӯҳ моҳи соли 2019 мақбул донистаанд, ҷой гирифтаанд.

«Шумораи умумии сафарҳои сайёҳӣ аз Росия ба хориҷа соли 2019  7 фоиз афзуда, ба 35 миллиону 200 ҳазор расидааст», — омадааст дар сомона.

Раддабандии сафарҳои сайёҳӣ аз Россия  ба хориҷа аз рӯи натиҷаҳои таҳлили оморӣ  дар  9 моҳи  аввали сол тартиб дода шудааст.

Декабрь 11, 2019 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд