«МУҲАББАТ БА ЗИНДАГӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе намоиши асарҳои шодравон Фаррух Хоҷаев доир мегардад

Январь 10, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  13 январ ба ифтихори 60-солагии шодравон Фаррух Хоҷаев таҳти унвони «Муҳаббат ба зиндагӣ» дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши мусаввараҳои рассом ифтитоҳ мегардад, ки то 25 январ идома меёбад.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 18:00, дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» офаридаҳои рассом ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳаводорони санъати рассомӣ ваа дӯстдорони олами зебоӣ метавонанд то  1 феврал  аз ин намоишгоҳ дидан намоянд.

Дар ин намоишгоҳҳо тамоми маҳсули эҷодии шодравон Фаррух Хоҷаев дар  навъҳои  мусаввара, нигораҳои графикӣ ва  муҷассамаҳои хурд ба маъраз гузошта мешаванд. 

Фаррух Хоҷаев соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дар нашриёти «Ирфон» ба сифати рассом фаъолияташро  оғоз намудааст.

Шодравон Фаррух Хоҷаев рассоми соҳаи графика, кулолгар, муҷассамасоз ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба ҳисоб меравад. Саҳми ӯ дар пешбурди  ҳунари  рассомӣ ва тайёр намудани шогирдон хеле назарас мебошад.

Асарҳояш тӯли солҳои гуногун дар осорхонаҳои Тоҷикистон, Осиёи Миёна, Россия ва Аврупо ба маърази  тамошо гузошта шудаанд.

Фаррух Хоҷаев дар солҳои охири умр ба ҳайси  декани факултаи санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ҳамчунин ба сифати раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Рассоми барҷастаи тоҷик Фаррух Хоҷаев 15 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.

Январь 10, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад