Ориф Хоҷазода: «То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминҳои партов пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд»
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминҳои аз истифода берун пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда, масоҳати заминҳои аз истифода берун сол ба сол кам гардида, танҳо дар 5 соли охир 9 ҳазор гектари он ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд. То 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 55 гектар заминҳои аз истифода берун ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 18 ҳазору 658 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.
«Соли сипаригардида 8 ҳазору 200 гектар заминҳои холимонда ва аз истифода берун ба гардиши кишоварзӣ ворид шуданд, ки аз майдони умумии ба гардиши кишоварзӣ воридшуда 5 ҳазору 223 гектарро заминҳои аз истифода берун ташкил медиҳанд. Камшавии заминҳои аз истифода берун нисбат ба соли 2018 чор баробар зиёд гардида, то ҳол дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд»,- гуфт Ориф Хоҷазода.
Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки танҳо соли гузашта, 468 гектар заминҳои нав аз худ карда шудаанд, ки аз он 410 гектараш обӣ мебошад. Ғайр аз ин 919 гектар заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ гузаронида шуданд.








Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд






