Соҳибкори маҳаллӣ дар Дарвоз барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд кард

Январь 9, 2020 17:06

ДАРВОЗ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бунгоҳи муосири тиббӣ бунёд гардид. Онро соҳибкори маҳаллӣ Субҳониддин Садриддин аз ҳисоби буҷаи хонаводаи худ бино кард.

Ин соҳибкори ватанӣ гуфт, ки соли равон қасди сафари ҳаҷ дошт ва бо ин мақсад  70 ҳазор сомонӣ ҷамъ овард. Аммо дар як суҳбати хонаводагӣ аҳли оилааш пешниҳод карданд, ки бо ин маблағ беҳтар аст барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.

“Ман ин таклифи аъзои оиларо бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ҳақиқат сокинони деҳаи мо ба ёрии аввалини тиббӣ сахт ниёз доранд. Баъзан барои санҷидани фишори хун ва ё эмгузаронии кӯдакон сокинони деҳа маҷбур мешуданд, ки масофаи 6 километр роҳро тай намуда, ба деҳаи ҳамсояи Дробак раванд. Акнун ин мушкилӣ паси сар шуд”, -изҳор дошт Субҳониддин Садриддин.

Соҳибкор аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки дили садҳо нафар аз ҳамдеҳагонашро дар ин соли нав шод намудааст, зеро бузургон ҳам фармудаанд, ки ба даст овардани як дил баробари зиёрати ҳазорбораи Каъба аст.

Деҳаи Паткуноб яке аз деҳоти ободу зебои вилоят ба шумор меравад ва бо истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и худ, ки бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат бунёд гардидааст, дар байни сокинони мамлакат маъруф аст.

Раиси ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Шаҳригул Бодурова ин кори хайри соҳибкори маҳаллиро барои дигар соҳибкорони ҷамоати деҳот шоистаи ибрат хонда, гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз фаъолияти он соҳибкороне, ки дар ободии шаҳру деҳоти мамлакат саҳм мегузоранд, ситоиш карда, изҳор доштанд, ки «акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандони худро хӯрем».

Ба гуфтаи  раиси ҷамоати деҳот,  ин соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар канори бунгоҳи нави тиббӣ барои кӯдакону наврасони деҳа китобхона ва майдончаи варзишӣ бунёд намояд.

Январь 9, 2020 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад