Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон баргузор гардид

Февраль 14, 2020 16:43

 ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки ҷавонони  тоҷик  аз наслҳои хушбахти миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо  дар фазои сулҳу суботи комил, якдиливу якпорчагии Ватан умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ онҳо бояд ҳамеша  дар пайи омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар бошанд ва ҳамчуни мутахассиси баландихтисос  дар  ободии Ватан саҳми арзандаву гузоранд.

«Имрӯз ҷавононро мебояд ба  муқобили ифротгароиву хурофотпарастӣ ва андешаҳое, ки барои рушди мамлакат монеаҳо эҷод мекунанд, муборизаи беамон бурда, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд. Имрӯз  терроризм ва экстремизм ба минтақаҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида,  бархе ҷавононро гумроҳ ва қурбони ҳодисаҳои нохуш гардонидааст. Аз  ин рӯ мебояд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳо пеши роҳи ин ҳодисаҳои номатлубро ба таври зарурӣ гирад»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

-Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки давлатҳои абарқудрат бар зидди   ифротгароӣ ва террористӣ мубориза бурда, то ҳол  роҳи ҳалли онро наёфтаанд,- мегӯяд муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода.

Бино ба ибрози номбурда, Тоҷикистон имрӯз  дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри решакан намудани  хурофотпарастӣ корҳои зиёде ба анҷом расонидааст.

Мақсад аз баргузории Форуми «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон»  пешгирии ҷавонону наврасон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб,  паст кардани шиддати ҷинояткорӣ, пешгирии роҳҳои муосири терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ миёни ҷавонон ва ташаккули ҳаёти осоишта дар байни  онҳо арзёбӣ гардид.

Форуми мазкур  то соати 17:00 дар ду қисмат идома ёфта, иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои гуногун маърӯза пешниҳод менамоянд.

Кори форум  натиҷагирӣ  шуда, аз ҷараёни он  қатънома қабул  мешавад.

Февраль 14, 2020 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд