«КИСТ САРБОЗИ ВАТАН? МОВУ ТУЕМ!..». Ба шарафи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Насрулло ду матни суруди нав офарид

Февраль 23, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 23.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озод имрӯзҳо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони ҷумҳурии моро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони озод зодаи нангу номус ва шарафи ватандории халқи некманиши мо, зодаи истиқлолияти деринтизори сокинони шарафманду соҳибтамаддуни ин сарзамини куҳанбунёд буда, дар рӯзҳои душвор таъсис ёфтаанд. Дар шароите, ки бо таҳмили андешаҳои нохайрхоҳонаи бегонагон мардуми содаву бефан ва башардӯсту инсонпарвари тоҷик гирифтори парокандагӣ ва ҷангу ҷидолҳои бемаънои байниҳамдигарӣ гардида буданд.

Хушбахтона, хиради зотӣ боло гирифту пирӯз шуд ва халқи некманиши мо таҳти сарварии Пешвои муаззами худ ба ҷодаҳои эҳёву худшиносӣ рӯ овард. Ба шарофати ин Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 23 феврали  соли 1993 таъсис ёфтанд. Ҳадафи ин қувваҳо муҳофизати Истиқлолияти давлатӣ ва тамоми марзҳои Тоҷикистон  мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо давлати хайрхоҳу сулҳдӯст ва башарпарвар  буда, ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Сиёсати хориҷии он ба ҳалли  тамоми муноқишаҳои минтақавӣ бо роҳи дипломатӣ  равона шуда, ҷонибдори тавсиаи муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои олам аст. Аммо таҳаввулоти  ҳарбию сиёсии ҷаҳон, вазъи номусоид ва хатарангези замони муосир моро водор месозад, ки барои ҳифз ва  таъмини сулҳу осоиштагии халқамон зираку ҳушёр ва ҳамеша омода бошем.

Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки “мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари баэътимоди  мамлакат мебошад.  Ҷавонони тоҷик идомадиҳандаи корнамоӣ ва ҷасорату далерии гузаштагони номдори худ ҳастанд. Онҳо бо номи қаҳрамонони ҳалқи худ Рустаму Шерак, Деваштичу Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ифтихор дошта, худро пайрави онҳо меҳисобанд. Ин аст, ки мо эътимод  ба неруҳои муҳофизи Ватани азизамон дошта, бо онҳо ифтихор мекунем.

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО ба муносибати таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду матни тозаи сурудро ба сарбозони Ватан тақдим намудааст, ки манзури  хонандагон мегардонем.

 

ТАВОНИ ВАТАН

Субҳи ободии хонадони туем!

Пайки озодии остони туем!

Ҳамдилу ҳамтану ҳамравони туем!

Эй Ватан!

Эй Ватан!

Мо тавони туем!

Бо туем, эй Ватан, чун дили рӯи каф!

Бо туем, эй Ватан, чун қасам, чун шараф!

Рӯҳи озодии ҷисму ҷони туем,

Эй Ватан!

Эй Ватан!

Мо тавони туем!

Мерасад аз само файзи остони ту!

Мерасад аз бақо нури имони ту!

Мо дуои кафи модарони туем!

Эй Ватан!

Эй Ватан!

Мо тавони туем!

Чун Сиёвуш фари ҷовидони туем!

Шераки ҷоннисори замони туем!

Рустами бешикан — қаҳрамони туем!

Эй Ватан, эй Ватан, армуғони туем!

Ҷонфишони туем!

Ҷонфишони туем!

Дар куҳанмарзи мо, ин ҳаво зинда бод!

Ин мақом, ин суруд, ин наво зинда бод!

Дар самои Ватан ин сафо зинда бод!

Эё Ватан! Эй Ватан!

Ҷон ба ҷони туем!

Посбони туем!

Посбони туем!

СУРУДИ САРБОЗОН

Сар барафрохта сарбози Ватан мову туем!

Сипари нанги дари бози Ватан мову туем!

То ки хуршеди амонӣ бидурахшад ба само,

Мурғи толеъи ту бошад зи ҳама банд раҳо,

Бо дилу бозуву дасту тани тобовари худ

Сипари ҳифзи Ватан — модари худ, хоҳари худ,

Саф кашедем, Ватан, аз сари нанг, аз аз сари ор,

Марз то марзи ту бо ҳиммату ҷони ба нисор!

Кист сарбози Ватан?! Мову туем, мову туем!

Боли парвози Ватан?! Мову туем, мову туем!

Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф аст!

Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф аст!

Ончунон бош, ки бошӣ тану симои Ватан!

Дар сари шонаи худ дошта фардои Ватан!

Кист сарбози Ватан?! Мову туем, мову туем!

Боли парвози ватан?! Мову туем, мову туем!

Февраль 23, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст