«Пайванди наслҳо»-таҳти ин унвон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар толорҳои намоишии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов бо номи «Пайванди наслҳо» баргузор гардид. Дар намоиши мазкур доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода, Рассоми халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва теъдоди зиёди тамошобинону дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок варзиданд.
Рассом Нуралӣ Солиҳов манзараҳои диёр, расму анъана ва урфу одати миллиро бо асбоби мусиқӣ тавъам намуда, хеле хуб тасвир намудааст. Дар намоиш диққати бинандаро тасвире бо номи «Муждаи баҳор» бештар ҷалб намуд. Инчунин дигар расмҳо низ хеле зебо кашида шуда буданд.
Профессор Аслиддин Низомӣ зикр кард, ки «Пайванди наслҳо» дар ҳақиқат метавонад наслҳоро бо ҳам бипайвандад, зеро санъати тасвириро бо асбоби миллӣ омехта намудану ба риштаи қалам кашидани рассом гувоҳи он аст.
Дар ҷамъбасти намоиш ба рассом Нуралӣ Солиҳов барои саҳми назаррасаш дар санъати рассомӣ «Ифтихорнома» супорида шуд.










РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд






