Рустами Эмомалӣ бо Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳо доир ба Лоиҳаи нави обтаъминкунии сокинони пойтахт, ки амалишавиии он солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардидааст, бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор мукааб метр дар як шабонарӯз, сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маҳаки асосии мулоқотро масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ ташкил дод.
Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки дар доираи он беш аз 50 фоизи сокинон бо оби ошомидании босифат таъмин шуданд, мусбат арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот тазаккур дода шуд, ки бо дарназардошти ҳалли мушкилоти таъмини муназзами оби ошомиданӣ барои сокинони пойтахт ва рафъи партовобҳо Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва корезии Душанбе таҳия гардидааст.
Муҳлати амалисозии Лоиҳа солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардида, мавзеи фарогирии он қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) мебошад.
Тарафҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.
Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор мукааб метр дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» муҳокима гардид.
Ҷонибҳо қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ идома дода, Лоиҳаҳои нави муштаракро дар соҳаи корезию обтозакунии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мекунанд.










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






