Собиқ Президенти Миср Ҳусни Муборак аз олам гузашт
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Президенти Миср Ҳусни Муборак рӯзи сешанбе дар Қоҳира дар синни 91-солагӣ аз олам гузашт. Дар ин бора телевизиони давлатии Миср хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ӯ моҳҳои охир пас аз ҷарроҳии меъда дар яке аз клиникаҳои пойтахт, дар шуъбаи эҳё қарор дошт. Чанд рӯз қабл писари калонии ӯ Аля Муборак дар шабакаи иҷтимоӣ паёме навишт, ки барои саломатии падараш дуо кунанд.
Ҳуснӣ Муборак солҳои 1981 — 2011 сарварии давлати Мисрро ба уҳда дошт. Дар мавҷи эътирозҳои оммавии зидди ҳукумат 3 феврали соли 2011 ӯ истеъфо дод. Бар зидди Муборак якчанд парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла доир ба фасод ва куштори тазоҳургарон оғоз карда шуда буданд. Дар ниҳоят ҳамаи онҳо бекор ва президенти собиқ сафед карда шуд. Солҳои охир Муборак бо оилааш танҳо мезист ва аз ҳар гуна иртибот бо матбуот худдорӣ мекард.
ДАР АКС: Ҳусни Муборак/ Акс аз Sean Gallup/Getty Images








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






