Татбиқи Лоиҳаи «Digital CASA» дар рушди рақамикунонии иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад

Февраль 8, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидин  Нуралиев дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои мусоидат ба татбиқи сифатнок ва самараноки лоиҳа омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор дошт.

Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ояндаи наздик баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумаки ҷиддӣ хоҳад кард.

Татбиқи ҳадафмандона ва босамари Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои давлати мо, балки баҳри тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи  «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиёти рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад,-таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуданд. Онҳо  иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои амалигардонии лоиҳаи мазкур қадамҳои устувор мегузорад. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф ва имкониятҳои зиёдро дорост. Мусоҳибон оид ба раванди корҳои техникии лоиҳа мубодилаи афкор карда, изҳор намуданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҷалби мутахассисони кордони соҳавӣ муҳим аст ва корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

Мусаллам аст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи «Digital CASA» ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур мебошад.

Февраль 8, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3181 то 9.3300 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд