Теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди гирифторони коронавируси нав дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид. Дар ин бора рӯзи душанбе Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои беҳдошт ва ҳифзи тандурустии ин кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи Кумита, дар як шабонарӯз шумораи мубталоён дар Чин ба 3062 нафар расида, қурбониёни ин беморӣ 97 нафарро ташкил менамоянд ва ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 908 нафарро дар бар мегирад. 632 мариз аз беморхона раҳо гаштанд. Шумораи умумии шифоёфтагон 3361 нафар мебошад.
64 ҳолати сироятёбии нав дар Гонконг, Макао ва Тайван тасдиқ гардид.
Кумитаи давлатӣ оид ба беҳдошт ва тандурустии ин кишвар хабар додааст, ки шумораи фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш коронавируси нав аст, дар вилояти Хубейи Чин 8 феврал ба 91 нафар баробар шуда, то 871 нафар расидааст.
Ба маълумоти манбаъ, дар як шабонарӯз зиёда аз 2,6 нафар гирифтори ин беморӣ гардида, шумораи умумии сироятёфтагон дар вилоят аз 29 ҳазор нафар зиёд шудааст. 356 нафар аз муассисаҳои тиббӣ ҷавоб дода шуданд.
Ҳамин тариқ, шумораи гирифторони вирус дар Чин ба беш аз 39 ҳазор нафар расида, қурбониёни беморӣ дар қаламрави кишвар 904 нафаранд. 3281 нафар шифо ёфтаанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






