Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки шумораи шифоёфтагони коронавирус нисбат ба фавтидагони он ду маротиба афзунтар аст

Февраль 6, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи  нафароне, ки  аз бемории коронавируси  2019-nCoV комилан шифо ёфтаанд, аз шахсони фавтида  аллакай ду баробар зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад,  дар ин бора дар брифинги  рӯзи сешанбе  намояндаи расмии ВКХ-и Чин  Хуа Чунин  иттилоъ додааст.

«Давоми рӯзи гузашта (4 феврал- эзоҳи ТАСС) беморони шифоёфта ва  раҳошуда  аз беморхона  нисбат ба фавтидагон тақрибан чор маротиба  зиёдтар  буданд.  Дар маҷмӯъ, беморони табобатшуда  ва  аз беморхона баромада дар қиёс бо шахсони аз ин касалӣ нобудшуда  ду баробар зиёданд», — изҳор намуд намояндаи Вазорати корҳои  хориҷии Чин.

«Мо эътимоди комил ва имконият дорем,  ки ояндаи наздик дар ин набард пирӯз шавем. Мо ин корро на танҳо ба хотири мардуми Чин,  балки барои ҳифзи тандурустии тамоми инсоният  анҷом медиҳем»,- илова намуд Хуа Чунин.

Қаблан корманди сафорат изҳор  намуда буд, ки фавт аз бемории коронавируси нав дар Чин 2,1 фоизро ташкил медиҳад, ки назар ба бемории шуши ғайримуқаррарӣ  хеле кам аст.

Февраль 6, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон