Шукрона Наврузова: «Мӯҳраҳои бо нақшу нигори миллӣ бофташуда на танҳо мақбули бонувони тоҷик, балки занони хориҷӣ низ мегарданд»

Март 21, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тарроҳи ҷавони тоҷик Шукрона Наврузова, ки мӯҳрабофи чирадаст низ ҳаст, дар оянда ният дорад ҳунари мӯҳрабофии миллиро ба таври замонавӣ истифода бурда, маҳсулоти мӯҳрагии  ороиширо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бештар ба намоиш ва фурӯш барорад. Ӯ муҳраро бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода, ба шакли нав ва ба таври замонавӣ  мебофад, ки ин на танҳо мақбули бонувони тоҷик, балки занони хориҷӣ низ мегардад. Кори Шукрона аз дигарон бо тарзи бофтани он дар ресмони ноаён (жилка) ва тарзи ороиш тафовут дорад.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷиҳати таҳким бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳим ва аҳамиятноки фарҳанги миллӣ дониста мешавад, корҳои назаррас анҷом меёбанд. Дар мамлакат аз рӯзҳои аввали эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва намоишҳои ҳунарӣ, ки эҳёкунандаи мероси миллии аҷдодиамон мебошанд, пайваста ташкил шуда, ҳунармандон бо дилгармӣ дар онҳо маҳсули дасти худро пешкаши ҳамагон мегардонанд.

Ногуфта намонад, ки миёни мардуми тоҷик ҳунарҳои гуногун, аз қабили дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, рассомӣ ва кандакорӣ аз қадим роиҷ мебошанд.

Муҳрабофӣ як навъи ҳунари мардумист, ки дар замони муосир талаботи бонувон ба он хеле афзудааст. Аз мӯҳраву ришта бештар дастмонаву гарданбанд ва пешовез омода менамоянд, ки зиннатбахши бонувони тоҷик аст.

Шукрона Наврузова ҷавондухтари ҳунармандест, ки аз хурдсолӣ ба мӯҳрабофӣ машғул буда, аз он нақшу нигори гуногун меофарад.

Тавре санъаткори бузурги дунё Микеланҷело гуфтааст:  “Эҷодкоре, ки истеъдоди модарзодӣ дорад, онро бояд бамавқеъ ва ба нафъи ҷомеа истифода барад”.

Бо такя ба ин гуфта Шукрона ба он назар аст, ки санъати қадимии мӯҳрабофиро низ бояд бамавқеъ истифода ва барои рушди ҳунари миллии тоҷикон берун аз мамлакат муаррифӣ намуд.

Шукрона ҳунари мӯҳрабофиро аз модараш омӯхтааст. Номбурда иброз намуд, ки аз кӯдакӣ ба бофтани мӯҳра завқ пайдо кардааст. “Дар ёд дорам, ки ман 13 сол доштам ва он вақт аввалин  мӯҳраҳои худро мебофтам. Дар кӯдакӣ ман дар назди модарам нишаста, медидам, ки чӣ тавр ӯ мӯҳра мебофад, завқи ман зиёд мешуд ва қарор додам, ки ман ҳам мисли модарам мӯҳрабоф шавам”,-мегӯяд ӯ.

Ин бонуи ҳунар хатмкардаи Донишгоҳи  санъат ва фарҳанги шаҳри Москва бо ихтисоси тарроҳ аст. Шукрона чун дилбохтаи ҳунар буд, пас аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, ба мӯҳрабофӣ идома дод.

Шукрона зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки “вақте ки ман издивоҷ карда, ба рухсатӣ баромадам, дар хона сараввал ман кори мӯҳрабофиро танҳо барои худам ва хешовандонам анҷом медодам. Сипас дар интернет сомона кушодаму маҳсули дастамро дар он ҷо ба намоиш гузоштам ва фаҳмидам, ки талабот ба кори ман зиёд аст. Баъдан гурӯҳ кушодам ва фармоиш гирифтанро сар кардем. Ҳоло ман як гурӯҳи иборат аз 5-нафара дорам, ки ҳамроҳ мӯҳра мебофем. Мизоҷони ман асосан арӯсон мебошанд ва тариқи сомона аз ман маҳсулот харидорӣ мекунанд”.

Айни ҳол Шукрона дар як фабрикаи дӯзандагӣ аз рӯи ихтисоси худ -тарроҳ кор карда, ба чопу таҳияи намунаҳо машғул аст. Номбурда соҳиби як духтарчаи дӯстрӯяк аст, ки ӯ низ ба ҳунари модараш бетафовут нест.

Шукрона Наврузова то имрӯз дар санъати мӯҳрабофӣ фаъолияти босамар намуда, дар рушди ин навъи ҳунар саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар тамоми барномаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат намуда, дастранҷи худро манзури ҳамагон мегардонад.

“Мо, ҳунармандон бо намоиш додани маҳсули ҳунари дасти хеш исбот намуда метавонем, ки миллати тоҷик миёни дигар халқҳои ҷаҳон бо ҳунару фарҳанги пурғановаташ ҷойгоҳи махсус дорад”,-бо ифтихор аз ҳунармандии худ ва аҷдодон мегӯяд Ш. Наврузова.

“Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, хеле миннатдорем, зеро акнун маҳсули дасти худро на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он низ метавонем муаррифӣ намоем”,-иброз дошт Шукрона.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 21, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд