Кишоварзони Тоҷикобод масоҳати кишти картошкаро зиёд менамоянд
ТОҶИКОБОД, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи дурнамои сохтори кишоварзӣ хоҷагидорони ноҳияи Тоҷикобод бояд дар 1086 гектар картошка кишт намоянд. Имрӯзҳо кишти картошка дар ноҳия оғоз гардида, кишоварзон ният доранд нисбат ба дурнамо кишти онро 434 гектар зиёд намоянд. Ҳамчунин сокинони ноҳия имрӯзҳо дар 437 гектар замини президентӣ ва зиёда аз 2022 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ картошка ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуда истодаанд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ва ситоди ноҳиявӣ бо сарварии раиси ноҳия, масъулини сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷаласаи васеъ доир гардид. Дар он иҷрои дастурҳои Пешвои миллат доир ба зиёд намудани майдони кишти картошка, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти озуқа ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории Covid-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи дастури раиси ноҳия, ҳайати комиссия аз заминҳои наздиҳавлигии тамоми сокинони деҳоти ноҳия дидан намуда, имкониятҳои кишти картошкаро муайян карда, ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ супориш дод, ки дар ҳаҷми на камтар аз 60%-и заминҳои дар ихтиёрашон буда картошка кишт намоянд. Зеро истеҳсоли картошка ҳамчун «нони дуюм» ва маҳсулоти рақобатпазир дар бозор дар шароити кунунӣ имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафта, даромаднокии аҳолӣ афзояд. Сокинон ин иқдомро, ки ба таъмини маводи озуқаворӣ мусоидат менамояд, дастгирӣ намуда, ҳамзамон хоҳиш намуданд, ки барои дастрасии тухмии хушсифат ба онҳо кумак расонанд.
Раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода ба масъулин дастур дод, ки мардумро бо тухмиии босифат таъмин намуда, кишти картошкаро дар ҳама заминҳои кишт назорат ва барои сари вақт ба анҷом расонидани мавсими кишт ба ситоди ноҳиявӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.
То имрӯз ҳамаи каналҳои обёрикунанда дар ҳудуди ноҳия аз таъмири капиталӣ дар аввали баҳор бароварда шуда ва барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода мебошанд.
Зимни вохӯриҳо бо сокинон гурӯҳҳои корӣ ба масъалаи кишту кори баҳорӣ диққати ҷиддӣ дода, аз сокинон даъват намуданд, ки ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода намоянд. Дар вохӯриҳо таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироат, бахусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд. Тавре аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ ва оғози мавсими кишт аён мегардад, сокинон моҳияти дастурҳои Пешвои миллатро амиқ дарк намуда, ваъда доданд, ки бо иҷрои саривақтии ин супориши муҳим дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.










Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






