Кишоварзони Тоҷикобод масоҳати кишти картошкаро зиёд менамоянд

Апрель 25, 2020 09:54

ТОҶИКОБОД, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол тибқи дурнамои сохтори кишоварзӣ  хоҷагидорони ноҳияи Тоҷикобод бояд дар 1086 гектар картошка кишт намоянд. Имрӯзҳо кишти картошка дар ноҳия оғоз гардида, кишоварзон  ният доранд нисбат ба дурнамо кишти онро  434 гектар зиёд намоянд. Ҳамчунин сокинони ноҳия имрӯзҳо дар 437 гектар замини президентӣ ва зиёда аз 2022 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ картошка ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуда истодаанд.

Дар  ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ва ситоди ноҳиявӣ бо сарварии раиси ноҳия, масъулини сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷаласаи васеъ доир гардид. Дар он  иҷрои дастурҳои Пешвои миллат доир ба зиёд намудани майдони кишти картошка, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти озуқа ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории Covid-19 мавриди баррасӣ қарор  гирифт.

Тибқи дастури раиси ноҳия, ҳайати комиссия аз заминҳои наздиҳавлигии тамоми сокинони деҳоти ноҳия дидан намуда, имкониятҳои кишти картошкаро муайян карда, ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ  супориш дод, ки дар ҳаҷми на камтар аз 60%-и заминҳои дар ихтиёрашон буда картошка кишт намоянд. Зеро истеҳсоли картошка ҳамчун «нони дуюм» ва маҳсулоти рақобатпазир дар бозор дар шароити кунунӣ имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафта, даромаднокии аҳолӣ афзояд. Сокинон ин иқдомро, ки ба таъмини маводи озуқаворӣ мусоидат менамояд, дастгирӣ намуда, ҳамзамон  хоҳиш намуданд, ки барои дастрасии тухмии хушсифат ба онҳо кумак расонанд.

Раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода ба масъулин дастур дод, ки мардумро бо тухмиии босифат таъмин намуда, кишти картошкаро дар ҳама заминҳои кишт назорат ва барои сари вақт ба анҷом расонидани мавсими кишт ба ситоди ноҳиявӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.

То имрӯз ҳамаи каналҳои обёрикунанда дар ҳудуди ноҳия аз таъмири капиталӣ дар аввали баҳор бароварда шуда ва  барои обёрӣ намудани  заминҳои кишт омода мебошанд.

Зимни вохӯриҳо бо сокинон гурӯҳҳои корӣ  ба масъалаи кишту кори баҳорӣ диққати ҷиддӣ дода, аз сокинон даъват намуданд, ки ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода намоянд. Дар вохӯриҳо таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироат, бахусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд. Тавре аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ ва оғози мавсими кишт аён мегардад, сокинон моҳияти дастурҳои Пешвои  миллатро амиқ дарк намуда, ваъда доданд, ки бо иҷрои саривақтии ин супориши муҳим дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Апрель 25, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд