БӮСТОН: Тақдими кумакҳои Пешвои миллат ба табибону беморон
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 май ба як гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ва беморон кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 май тариқи корвонҳои пурбор вориди шаҳр гардида буданд, тақдим карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст.
Аз ҷумла, дар ин замина бо иқдоми наҷиби Сарвари давлат ба табибон ва кормандони тиб, ки баҳри табобати беморони мубталои COVID-19 машғуланд, пардохти семоҳаи музди маоши иловагӣ пешбинӣ гардида, Пешвои миллат музди моҳонаи маоши худро ба суратҳисоби махсус оид ба табобати беморони мубталои коронавирус ҷудо намуданд.
Ин навбат бо иқдоми Президенти мамлакат ба табибон ва беморон кумакҳои моддӣ ва маводи мавриди ниёзи аввал дастрас карда шуд.
Аз ин ташаббуси наҷиб кормандони тиб ва беморон хушнуд гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос намуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






