МУРОҶИАТИ ГИРИФТОРОНИ COVID-19 КОҲИШ ЁФТААСТ. Дар ин бора сарвари Бемористони Ибни Сино хабар медиҳад

Май 23, 2020 14:54

ДУШАНБЕ, 23.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Омори воқеӣ бозгӯи он аст, ки муроҷиати беморони Ковид-19 ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст. Мо ҳам дар Бемористони Ибни Сино инро мушоҳида кардем,  навиштааст имрӯз сарвари ин бемористон  Абдухалил Холиқзода дар саҳфаи худ дар «Фейсбук».

Ӯ навиштааст: «Ин воқеият, ба андешаи ман, метавонад чанд сабаб дошта бошад. Якум, бешубҳа афзоиши сатҳи огаҳии мардум аз роҳҳои пешгирии шуюъи вируси куруно буда метавонад, ки воқеан хурсандкунанда аст. Дуюм, шояд таъсири нурҳои офтобӣ бошад, ки бино ба  назари коршиносон  метавонад  шуюъи вирусро то ҳадде коҳиш медиҳад. Вале таъсири ин омил чандон зиёд буда наметавонад».

Табиби тоҷик худдармониро дар хона яке аз роҳҳои бештар паҳн шудани вирус арзёбӣ намуда, тавсия медиҳад, ки дар ҳоли холӣ будани тахтҳои бемористонҳо одамон табобатро дар бемористон, зери назари мутахассисон бигиранд.

Май 23, 2020 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо